Рӯзи 9 феврали соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вилояти Намангон Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар Сафир бо муовини Ҳокими вилояти Намангон Ботирҷон Нуриддинов вохӯрӣ карда, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои вилояти Намангонро бо минтақаҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти васеи равобит миёни минтақаҳо изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва ғайра баён карданд.
Дар рафти сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озод и иқтисодӣ ва муассисаҳои тоҷикии таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дидан намуд.