Сафари корӣ ба вилояти Андиҷон

08.02.2023 22:41

Рӯзи 8 феврали соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.

Дар рафти сафар номбурда бо муовини якуми Ҳокими вилояти Андиҷон Дилшодбек Каримов мулоқот карда, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мустақими вилояти Андиҷон ва минтақаҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариш ва тавсияи ҳамкориҳоро дар самти кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳим арзёбӣ карданд.

Дар рафти сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва муассисаҳои фарҳангии вилояти Андиҷон дидан намуд.213231312.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg