Рӯзи 7 феврали соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозаров вохӯрӣ карда, доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши саноат, тиҷорат, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ғайра изҳори назар намуданд.
Дар рафти сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Фарғона ва факултаи филалогияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Фарғона дидан карданд.