Мулоқот бо Сафири Алҷазоир

02.03.2023 22:32

Рӯзи 2 марти соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷҷабор Раҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Бумедиен Геннад мулоқот намуд.

Зимни суҳбат тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Алҷазоирро мавриди баррасӣ қарор дода, имконияти мавҷудаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки дар таҳкими равобити дӯстонаи ду кишвар таъсири мусбат мерасонанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg