Рӯзи 23 феврали соли 2023 Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Ассотсиатсияи байналмилалии политсия ва Шӯрои ветеранҳои ҷанги Афғонистон ба мактаб - интернати ҷумҳурявии кӯдакони имконияташон маҳдуд рафта, дар чорабинии рамскашии онҳо иштирок карданд. Баъди барномаи консертии кӯдакон мусобиқаи расмкашӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид. Сафир ба ғолибон ва иштирокчиён туҳфа супорида, онҳоро ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан табрик намуд.
Кӯдакон дар охир ба ҳозирин сипос гуфтанд.