Мулоқоти судманд.

22.02.2023 22:50

Рӯзи 22 феврали соли 2023 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Директори Пажӯҳишгоҳи байлналмилалии Осиё Марказӣ В. И. Норов доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, баъзе масъалаҳои минтақавӣ, доир кардани конфронсҳои муштарак, интишори мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бештар ошно кардани аҳли ҷомеа аз дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек табодули афкор намуданд.

Директори Пажӯҳишгоҳ муҳтарам В. Норов таассуроти худро доир ба пешрафту рушди Тоҷикистон дар марҳилаи навин мусбат арзёбӣ намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона доир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg