Рӯзи 21 феврали 2023 бо ташаббуси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон чорабинии маданӣ-маърифатӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ” ва рӯйнамоиву тақдими романи “Фирдавсӣ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода, “Пайроҳаи илм” маҷмуаи мақолаҳо ба хотири ёдбуди академик А. Мирзоев ва “Меҳрнома, ки бо забони тоҷикӣ бо дастгирии молиявии Маркази милливу фарҳангии тоҷикон дар нашриётҳои мухталифи Ӯзбекистон интишор гардидааст, доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Р. Қурбонов, сафирони баъзе давлатҳо, роҳбарони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, роҳбарони бахшҳои тоҷикии Иттифоқи нависндагони Ӯзбекистон иширок карда, ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуданд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.