Вохӯрии Сафир А. Раҳмонзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Аълоев

20.02.2023 23:09

Рӯзи 20 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Аълоев доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, мушкилоти ҷойдошта, густариши кооператсияи саноатӣ, ҳамкориҳо бо минтақаҳои озоди иқтисодӣ, вилоятҳо, инчунин баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона ва таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg