(Бахшида ба 70 - умин солгарди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар сиришти инсони покизазамир ҷавҳари одамият бештар зуҳур карда, дар гуфтор, рафтор ва пиндори ӯ ҳар як амалкард шоистаи таҳсин қарор мегирад. Хислатҳои ҳамидаи ин гуна одамон вирди забони мардум гашта, аксарият аз ҳосили заҳмат ва фаъолияти пурсамари ӯ ёд мекунанд, номашро ба некӣ гирифта, аз шуҷоат, матонат, далерӣ, ҷасурӣ ва камоли кордониаш изҳори назар менамоянд. Махсусан, шахсиятҳои таърихӣ ҷиҳати расидан ба ин мартабаи воло масъулияти баландро бар дӯш доранд. Онҳо дар ин вазъият мавқеи худро дар ҷомеа уствор карда, хидмати халқро мояи ифтихор медонанд ва баҳри пойдор гардидани давлатдории миллӣ тамоми нерӯ ва қобилияти шахсиву ташкилотчигии хешро сарф менамоянд. Яъне, давраи таърихие, ки фаъолияти иҷтимоиву сиёсии чунин шахсиятҳоро фарогир мешавад, марҳилаи том ба ҳисоб рафта, бештари дастовардҳои давлату халқ бо номи эшон вобаста мегарданд.
Агар аз ҳамин нуқтаи назар, ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар андозем, мебинем, ки як давраи муайяни таърихи халқи тоҷик ба фаъолияти пурсамари ӯ вобаста меебошад. Ин фидоии миллат бо сифатҳои арзандаи роҳбарӣ, масъулияти бемисли сарварӣ, дараҷаи баланди раъиятпарварӣ, хислатҳои баланди одамӣ ва тинати бемисли инсонӣ дар байни халқ соҳиби эҳтиром, обрӯйю иззат ва ҳурмату эътибор гардидааст. Вай аз ҷумлаи афроди масъулиятшиноси кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбад, ки барои таҳкими давлатдории миллии тоҷикон саҳми босазо гузошта, дар таҳкими шохаҳои он, устувор гардидани иқтидор ва мавқеи ҷаҳонӣ пайдо намудани давлати ҷавону соҳибистиқлол заҳмату талошҳои зиёд кашидааст. Ин фарзонфарди оқил бо ҳисси баландӣ меҳанпарастӣ анъанаҳои неки халқро аз нав зинда гардониданд, Тоҷикистони азизро ба як кишвари воҳиду ягона табдил доданд ва бо хислатҳои неки инсонгароёна ва хулқу рафтори неки ҳамидаашон дар дилу дидаи аксари мардум роҳ ёфтааст.
Ба пиндошти мо, хислати ҳамидаи шахсиву иҷтимоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро маҳбуби халқ карда, ба ӯ иқоболу обурӯ, қудрату тавон ва шуҳрату маъруфият бахшидааст. Мехоҳам ба таври иҷмолӣ баъзе аз паҳлуҳои неки инсонии ӯро, ки ҳангоми сафарҳо ва замони ҳамкорӣ ба ин абармарди дунёи сиёсат мушоҳида кардаам, пеши назар оварам ва ба симои воқеии ӯ баҳои ҳақиқӣ манзур намоям.
Дар ниҳоди зоҳириву ботинии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асолати одамӣ ва хислатҳои неку шоиста мақоми воло дошта, ҳамин тинати баланди инсонӣ табиати нексиришти ӯро бешатар зиннат медиҳанд. Вай бо ин амлкарди хеш ба дили миллионҳо нафар одамон роҳ ёфта, шуҳрати бемисл пайдо кардааст. Одамияти ӯ ҷанбаи баланди хирадсолорӣ дошта, фаъолиятмандии иҷтимоӣ ба вай обрӯй, эътибор, мартабаи баланд ва мавқеи уствор дода, қобилияти сиёсии ӯро қавитар гардонидааст. Одамият ва одамгарӣ дар луғат ба ду маъно омада, аввалан, мафҳуми мардумӣ ва инсонӣ ва сониян, оҳанги киноӣ гирифта, некухислатӣ, хушхуйӣ, соҳиби беҳтарин хислатҳои инсонӣ будан, инсондӯстӣ, раҳмдилиро ифода менамояд. Саъдии бузуруг ва муаллими ахлоқ дар бораи одамият ишора мекунанд, ки:
Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ донӣ,
Ки ҳамин сухан бигӯяд, ба забони одамият.
Бешак, ҳамин хислатҳои “одамӣ” ва “одамият” дар тинату сиришти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавҳари ҷони ӯ ҷой гирифта, дар ҳама ҳолат ӯро обрӯманд, зафарманд ва шарафманд гардонидааст. Вай дар ташаккули шахсият ва фаъолияти иҷтимоии хеш аз ин арзишҳои писандидаи инсонӣ истифода намуда, онҳоро сармашқи кори хеш қарор додааст. Ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо ӯ бо хуруду бузург як хел муносибат карда, бо онҳо падарвор ва фарзандвор муносибат ва муошират менамояд. Дар ин гуна вазъият вай бо таҳаммул ҳарфҳои ҳамсуҳбаташро гӯш мекунад, ба саволҳояш ҷавоб мегӯяд ва дархосту пешниҳодҳояшро ҳал мекунад. Ҳини муошират ӯ ҳамеша фурутан, хоксор ва таҳаммулписанд буда, табиати нозукаш кибру ғурур ва ҳавобалндиро намеписандад. Сарвари хирадманд синну соли ҳамсубатро ба эътибор гирифта, бо равиши оҳанги вай сӯҳбат мекунад ва кӯшиш менамояд, ки гуфтугӯашон озоду ошкоро бошад. Масалан, вақти суҳбат роҳбари хирадманд аз пирони рӯзгордида таҷрибаи ҳаётиашонро пурсон мешаванд, бо наврасону ҷавонон дар бораи аз бар кардани донишҳои замонавӣ сухан мегӯянд, бо модарон доир ба тарбияи фарзанд ва арҷгузории суннатҳои миллӣ баҳс менамоянд. Вай то ба охир гӯш карданро дӯст медорад ва ба ҳамсуҳбаташ имкон медиҳад, ки мақсаду маромашро озод баён намояд. Дар ин гуна ҳолатҳо сабуриро пеша карда, касеро намеранҷонад ва баръакс, хотири мусоҳибашро ниҳоят шод мегардонад. Роҳбари оқил хуб медонад, ки беҳтарин хислати одамӣ дил ба даст овардан аст. Вай бо панди пирони гузашта эътибор дода, бо мардум муомилаи нек мекунад ва бо ин роҳ соҳиби эҳтироми бештар мегардад.
Ин фарзонафард ҳангоми сафарҳо бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла олиму адиб, омӯзгору табиб, санъаткору ҳунарманд, деҳқону коргари заҳматкаш муносибати якхела намуда, подоши хидматашонро қадр мекунад ва ба шахсияташон эҳтироми хос мегузорад. Вай дар ҷойи кор низ, бо ёрдамчиён, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ, муҳофизон ва кормандони оддӣ бо эҳтиром муносибат менамояд ва дар лаҳзаҳои фориғ аз кор бо боғбонони таҷрибадори Бӯстонсаро ва Қасри миллат вохӯрӣ карда, доир ба парвариши ниҳолҳову гулҳо маслиҳат медиҳад ва хело хоксорона бо онҳо гуфтугӯ менамояд. Ин фурӯтаниву хоксорӣ ва одамияти баланд эътиборашро миёни тамоми қишрҳои ҷомеа баланд бардоштааст. Вай хуб медонад, ки баробари накӯӣ ва хайрхоҳӣ амали солеҳ барои зиннати одамӣ муҳим мебошад.
Соҳибҷашни хирадпешаи мо ватандӯсти асил буда, хешро аз диёри биҳиштосо дур тасаввур карда наметавонад. Вай мисли мағзи нон ва гавҳараки чашм Ватанашро дӯст медорад ва шиори аввалини зиндагиааш бо Ватан будану барои Ватан хидмат кардан аст. Аз ин рӯ, вай дар ҳама баромадҳои худ моҳият ва арзиши ватандӯстиро шарҳ дода, худаш ба қадру қимати Ватани ба ҷон баробараш мерасад ва ҳар як порчаи хоки меҳани муқаддасро азиз медонад. Аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан вай барои муттаҳидии сокинони Ватанаш талош намуда, роҳҳои алоқаро ба ҳамаи минтақаҳо боз карданд. Ӯ ҳар гӯшаи диёрашро ҳамчун фирдавси барин тасаввур карда, бо фаслҳои зебои диёраш ифтихор менамояд.
Ин фазилатпарвари ватандӯст аз табиати зебои куҳистони Бадахшон, куҳҳои сарбафалаки он, чашмаҳои нуқравори ҷорӣ ва мардуми барнодили деҳу рустои вилоят ва меҳмоннавозии онҳо руҳан болида мегирад. Аз манзараҳои дилкаши Суғди бостон, гулбасарии боғистонҳои он, одамони нексиришту ҳимматбаланди вилоят, аз мавзеъҳои таърихиву бостонии ин куҳандиёри Ватанаш сарфароз гашта, табиати афсунгари водии Зарафшонро дӯст медорад, бо адибону шоиронаш фахр мекунад. Борҳо дар суханронии хеш дар бораи ин пораи Ватани маҳбуб изҳори назар карда, ба заҳматписандиву заҳматкашии сокинонаш баҳои баланд додааст.
Соҳибҷашни ватанпарвар Хатлони зархезро бо асрори таърихи бостонаш қадр мекунад, бо мардуми кушодарӯйю кушодачеҳра, бо рӯду дарёҳои дилкаш, бо заминҳои васеи пурсаховат, бо ёдгориҳои бемисли таърихиаш, бо рангорангии чакандӯзону каҷбандии рӯймолҳои занону духтарони соҳибҷамолаш ифтихор дорад ва аз ҳар ваҷаби хоки муқаддаси он шукрона менамояд. Пири ботадбири меҳанпараст водии Ҳисору Раштро низ бо хислатҳои неки сокинонашон эҳтиром мекунад, бо зебоиҳои табиати афсунгари дилнавозаш, ки макони ангурбоғҳои серҳосил, одамони меҳмоннавоз мебошанд, самиммона мепарастад ва як ҷаҳон муҳаббату эҳтиром ба ҳар гӯшаи Ватани азизаш дорад. Вай доимо суханони устод М. Турсунзодаро пеши назар оварда, бо меҳру муҳаббат мегӯяд, ки “Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр, ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур”. Ӯ воқеан, “ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан” буда, ҳар порчаи онро чун гавҳар ва хоки муқаддасашро чун тутиё муқаддас медонад. Бо мардуми инсондӯсту меҳмоннавозаш ифтихор карда, фарзандони бузургу шуҳратёрашро қадр мекунад ва бо хидматҳои бемислашон баҳои сазовор медиҳад.
Дар табиату сиришти соҳибҷашни миллат мафҳуми “дӯстӣ” арзиши баланд дорад. Ин хислати ҳамида аз овони кӯдакӣ дар дили ӯ роҳ ёфта, бо мурури замон ҳангоми ба дараҷаи шахсият расидан ҷойгоҳи хос касб кардааст. Вай ҳангоми дар мактаб таҳсил намудан аз устодони хеш моҳият ва мазмуни дӯстиро омӯхта, дар ин мавзӯъ асарҳои зиёд мутолиа кардааст. Аз ин рӯ, бо ҳамсабақону устодонаш муносибати хуб карда, бо хислатҳои нармдилӣ, кушодачеҳрагӣ, дилёбӣ ва ростгӯйиву ростқавлиаш писанд омада будааст ва то ҳол соҳибҷашни миллат ин хислатҳои некро бо як масъулияти баланд идома медиҳад. Устоди замони мактабиаш Изатулло Куганов ва ҳамсабақонаш дар ҳузури банда борҳо доир ба хислатҳои неки Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, дӯсту қадршинос будани ӯро махсус таъкид кардаанд. Махсусан, омӯзгори шинохта, олими нуктасанҷ ва педагоги барҷаста Изатулло Куганов қайд мекунад, ки “шогирди бофазлу хирад ва закиву толибилмаш Эмомалӣ ба қадри утодону рафиқон ва ҳамсабақонаш то ба имрӯз мерасад ва ба онҳо ҳамеша мушфиқу ғамхор аст” Дар воқеъ, мо борҳо шоҳиди он будем, ки соҳибҷашни барнодил ҳар вақте ба Данғара сафар намоянд, ҳатман бо ҳамсабақон, ҳамкурсҳо ва дӯстони наздикашон мулоқот мекунанд. Бо онҳо нишаста, ёди кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ менамоянд, аз дӯстии беғараз ва овони мактабхониашон қиссаҳо карда, аз устодону пирони барнодили ноҳияашон хотировар мешаванд ва ба кирдорҳои шоистаи онҳо баҳои сазовор медиҳанд. Мо борҳо муносибати неку дӯстонаи ӯро бо шодравон Каромат, ки ҳамсинф ва рафиқи давраи бачагиашон ба ҳисоб мерафт, аз наздик дидаем. Онҳо ҳамеша бо ҳамдигар бо меҳру муҳаббат муносибат мекарданд, якдигарро самиммӣ эҳтиром менамуданд ва аз сари сидқ ва бо шавқи беандоза ба қадри ҳамдигар мерасиданд. Ҳамин муносибати некбинонаву ҳалимона дӯстиашонро ба бародарӣ табдил дода буд.
Дар сиришти соҳибҷашни фарохназару фарохбин ба қадри дӯсти ҷонӣ расидан ҳангоми хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ташаккул меёбад. Вай дар муддати се соли хидмати аскарӣ дар флоти баҳрӣ бо фарзандони халқҳои гуногун дӯстӣ пайдо карда, бо ҳамватанони хеш на танҳо рафиқ, балки мӯнису ғамхор гардида буданд. Мо бо чанд тан аз дӯстони ҳамхизмати фарзанди фарзонаи миллат суҳбат карда, хислатҳои неку шоистаи ӯро аз забони онҳо шуднидаем. Эшон бо як самимият дар бораи дӯстиву рафоқати Эмомалӣ Раҳмон, хайрхоҳу дасткушодӣ, ҳалиму меҳрубонии ӯ сухан гуфта, рафиқи мушфиқ, дӯсти беғараз буданашро ишора намудаанд.
Бешак, фатҳкушои миллат дар тамоми умри бобаракати хеш дӯстони зиёде пайдо намуда, дар ҳама сатҳу зинаҳо ва ҳатто ҳангоми Сарвари давлат интихоб шуданашон то ба имрӯз ба қадри онҳо мерасанд ва ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меоваранд. Вай борҳо ҳини суҳбату мулоқоти корӣ аз самиммияту рафоқат, ҳиммату ҷавонмардии дӯстонаш ёдовар шуда, аз ҳимматбаландиву саховатпешагии онҳо ба ифтихор ҳарф мезаданд. Агар дар бораи Шералӣ Сафаров, Алимурод Тағоймуродов барин дӯстону шогирдон сухан равад, хотираҳои ширинро пеши назар оварда, дар рӯйи ӯ фараҳболӣ зиёдтар эҳсос мешуданд. Сипаҳсолори миллат, доимо ишора мекарданд, ки: “Дӯст машмор, он ки дар неъмат занад, Лофи ёриву бародархондагӣ.- Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳоливу дармондагӣ”. Барои ӯ мисраъҳои фавқ сарманшаи илҳому амалкарди фаъолияти ҳаррӯза ба шумор мераванд. Вай ба фаҳми мазмуни мисраҳои ибратомӯз ҳанӯз аз овони мактабхонӣ дуруст сарфаҳм рафта буданд ва то ба имрӯз ба қадри ин неъмати инсонӣ мерасанд ва онро азиз медоранд.
Пири баркамоли миллат, воқеан раиятпарваранд. Ин пеша барояш мояи ифтихор аст. Вай бо мардум муносибати неку иносндӯстона намуданро шарафи инсонӣ ва хислати барҷастаи одамӣ медонад. Фархундарой дар ҳар сафари кории худ бо деҳқонони оддиву асил, бо модарони меҳрубон, бо ҷавонону зиёиён суҳбат карда, аз аҳволи иҷтимоиашон пурсон мешаванд ва бо дилу ҷон шарики сӯҳбати онҳо мегарданд. Вай дар ноҳияи Лахш бо деҳқони заҳматпеша мулоқот карда, доир ба ҳосили замин, сифати маҳсулот, коркарди замин ва дигар масъалаҳои кишоварзӣ суҳбат ороста, таъби онҳоро ниҳоят шод гардониданд. Дар Бадахшон бошад, ҳамин гуна мулоқотро бо ҳунармандон анҷом дода, ба кору заҳмати онҳо баҳои баланд доданд ва хотирашонро хело шод гардониданд. Дар шаҳри Турсунзода низ вай бо ду деҳқони асил - бобои Камол ва бобои Неъмат мулоқот намуда, ба меҳнати ангурпарварии онҳо баҳои баланд доданд. То рӯзи охири ҳаёташон Камол ако, аз мулоқоти самиммии Сарвари давлат ёд мекарданд ва раиятпарварии ӯро васф менамуданд. Ҳамин гуна муносибати неки раиятпарваронаро ҳинни суҳбат бо Гавҳарбӣ Пиракова мушоҳида намудем. Дар ноҳияи Восеъ Роҳбари хирадпеша бо қаҳрамонмодар мулоқат карда, аз зиндагӣ ва рӯзгорашон пурсон шуданд ва бо меҳр дар миёни аҳли мулоқот хидматҳои ӯро ба мардум шарҳ доданд. Ин зани рӯзгордидаву меҳнатдӯст аз раиятпарварии Сарвари давлат ниҳоят шод гардиданд. Боре дар хонаи Энаҷон Бойматова меҳмон шудем. Вай таассуроташро доир ба мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон нақл намуданд. Ӯ бо як эҳсосоти гарм, фараҳу шодӣ аз раиятпарварию хоксории Сарвари давлат сухан гуфта, ҷавони ҳалиму хоксор ва кордону хоҷагидор будани ӯро махсус ишора намуданд. Дар Кӯлоб низ аз миёни омӯзгорон устодаш Изатулло Кугановро шинохта, хидматҳои шоистаи ӯро дар тарбияи насли наврас махсус қайд намуданд. Ҳамин тавр, вай дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа бо мардуми таҷрибадида вохӯрӣ карда, хидматҳои онҳоро пеши назар меоваранд ва аз корҳои шоистаи онҳо ёд мекунанд. Чеҳранамои миллат номи раиси овозадор Миралӣ Маҳмадалиевро доимо бо ифтихор мегиранд. Дар вақти раиси хоҷагӣ кор кардан, пасон дар Шӯрои Олӣ ва замони сарварӣ дар Ҳукумат дар бисёр масъалаҳои хоҷагидорӣ аз вай маслиҳат пурсидаанд. Чунин муносибати некбинонаро дар ҳар сафараш дидан мумкин буд. Бояд қайд кард, ки соҳибзафари кишвар фарзандони миллаташро ниҳоят дӯст медоранд ва бо кору фаъолияти арзандаи онҳо ифтихор мекунанд.
Соҳибқирони сухани имрӯзаи мо марди фарҳангдӯст ва фарҳангпар мебошанд. Вай ба фарҳанги миллати тоҷик эҳтироми хоса гузошта, арзишҳои фарҳангиро қадр менамоянд. Ба шарофати ӯ ва дар давраи сарвариашон “Шашмақом” ва “Фалак” умри дубора диданд. Анъанаҳои неки фарҳангӣ аз нав эҳё гаштанд. Мардум бо тавассути кӯшишҳои ӯ аз асолати ҷашнҳои миллӣ, амсоли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон огаҳӣ пайдо карданд ва суннатҳои инсондӯстонаву башардӯстона ин суннатҳои милливу умумибашариро аз нав зинда гардониданд. Вай барои рушди санъати миллӣ замина фароҳам овард, ҳунармандиро равнақ дод, анъанаҳои неки ниёгонро аз нав зинда гардонид ва барои таҳкими фарҳанги миллӣ роҳи васеъ кушод. Вай фарҳангро ҳастии миллат эълон намуда, дар рушду равнақи он саҳми босзо гузоштааст.
Дар қалби соҳибҷашни мо эҳтиром ба илму адаб ҷӯш мезанад. Бори аввал ба ташаббуси ӯ 1100 - солагии давлати Сомониён ҷашн гирифта шуд. Дар кишвар ҳамоишҳои бошукуҳи илмӣ доир гардиданд ва бисёр масъалаҳои норавшани таъриху фарҳанг аз нав баррасӣ шуданд. Ин шахсияти меҳандӯст барои рушди илм роҳи васеъ боз намуданд ва олимонро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ карда истодаанд.
Ин абармарди дунёи сиёсат ба таърихи адабиёти халқи тоҷик ифтихор менамояд. Бо ташаббуси ӯ дар панҷоҳ ҷилд осори гаронбаҳои адибону орифони тоҷик чоп ва дастраси хонандагон гардиданд. Сарвари маърифатпарвар дар ҳамоишҳои бонуфузи илмӣ иштирок карда, доир ба нақши олимону адибони гузаштаву муоссири тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ маърӯза карда, ба осори онҳо баҳои баланд додаанд. Инчунин дар фурсатҳои муносиб ӯ бо донишмандон мулоқот карда, назари онҳоро дар бораи ҷомеа, давлат, миллат ва забони ноби тоҷикӣ шунида, дар асоси онҳо қарорҳои дахдор қабул кардааст. Вай бо С. Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ ва дигарон борҳо мулоқот карда, аз шиносоӣ ба эшон ифтихорманданд. Дар солҳои пешин қисмашонро дар сафарҳои корӣ ҳамроҳ гирифта, дар мулоқоту вохӯриҳо ба онҳо сухан медоданд ва онҳо аз ашъорашон намунаҳо хонда, дили ҳозиринро шод мегардониданд. Вай ҳангомӣ бистарӣ шудани С. Улуғзода ба Москва рафта, нависандаи маҳбубро хабар гирифтанд ва ба вай хело суҳбати самиммӣ намуда, кумакашон карданд. Ҳатто, пас аз марги нависанда дастур доданд, ки турбаташро ба Душанбе оранд ва дар мазори адибон барояшон ҷой ҷудо карданд. Баъд аз ин макони охирати ин нависандаи маҳбуб дар Тоҷикистон муқаррар гадид ва имрӯз дӯсторони каломи бадеъ ба Лучоб рафта, мазори ӯро зиёрат менамоянд. Ба ҳамин монанд, турбати Бозор Собир аз Амрико ба Тоҷикистон оварда шуда буд.
Ин фарзанди суханпарвар ба қисме аз адибон шиносоӣ дошт. Ӯ ба истеъдоди фитрӣ, дониши баланд ва ҳунари шоирии Лоиқ Шералӣ борҳо баҳои баланд додааст. Муъмин Қаноатро сахт эҳтиром менамояд. Ба ашъори ватандӯстонаи Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор низ баҳои баланд додааст.
Сарвари давлат ба хотири эҳёи суннатҳои уствори халқи тоҷик пеш аз таҷлили Наврӯз бо зиёиён вохӯрӣ карданро ба ҳукми анъана дароварданд. Ба ин муносибат адибону олимон ва дигар табақаи зиёиён ҷамъ омада, назару андешаҳояшонро баён менамуданд. Роҳбари давлат борҳо дар асоси пешниҳоди эшон қарорҳои дахлдор ба тасвиб расонидааст. Ҳамин тавр ӯ зиёиёнро хазинаи тиллоии миллат муаррифӣ карда, хизмати шоистаи онҳоро ҳамеша қадр кардааст.
Барои соҳибҷашни мо расидан ба қадри ятимону барҷомондагон мояи ифтихор буда, ҳамеша аз аҳволи ятимон, бепарасторон, барҷомондагон пурсон мешаванд ва ба онҳо кумаки моддиву маънавӣ мерасонанд. Ман ёд дорам, ки дар Бадахшон баъди баромади ду хонадаи мактаб - интернати Рӯшон, ки аз деҳаҳои дурдасти Бартанг барои донишандӯзӣ ба ин мактаб - интернат омада буданд, Роҳбари саховатпеша, дастур доданд, ки барои фарзандони куҳистони Бадахшон мактаб - интернати замонавӣ бо хобгоҳҳои алоҳидаи духтарона ва писарона бунёд намоянд. Баъди ду сол ин мактаб бунёд шуд ва дар расми ифтиттоҳи он шахсан иштирок карда, изҳор намуданд, ки ман ҳеҷ гоҳ шумро хор шудан намемонам ва дар тарбияи шумо саҳми падаронаи хешро мегузорам”. Баъди ин то ба имрӯз садҳо нафар мактаби мазкурро хатм карда, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд ва хешро бо ифтихор пайравони Пешвои миллат медонад. Раҳнамои миллат дар Шаҳринав, Рашт, Лахш, Ҳисор, Темурмалик, Ҷалолиддини Румӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Роғун ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо чунин наврасон вохӯрӣ карда, барояшон шароити беҳтар фароҳам оварданд. Бо ташаббуси ин марди фозил ҳоло дар марказҳои ду вилоят ва шаҳри Душанбе мактаб - интернати замонавӣ сохта шуда истодааст, ки он ятимону бепарасторонро ба оғӯши худ мегиранд ва беҳтарин омӯзгорон мураббиён онҳоро таълиму тарбия хоҳанд дод. Вай аз аҳволи кӯдакону наврасони маъюб низ тез–тез хабар гирифта, ба муассисаҳои онҳо кумак менамоянд ва барои идомаи таҳсил барояшон имтиёзҳо муқаррар намудааст. Вай ҳар сол якчанд маротиба аз ҳисоби маоши худ ва фонди захиравии Президент ба чунин мактабҳо туҳфа равон карда, дар иду айём дили онҳоро шод мегардонад. Пешвои миллат хуб медонад, ки “ҳар кӣ хандонад ятими хастаро, боз орад ҷаннати сарбастаро”. Ин андешаи Шайх Аттор тавассути нақлҳои падари бузургвораш дар дили ӯ ҷой гирифта, дар вақти ба сари қудрат омадан онро сармашқи зиндагии хеш намуданд ва роҳи саховат ва хайру эҳсонро пеш гирифта, дар миёни халқ, бахусус наврасону ҷавонони ятиму маъюб маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд. Мардуми оддӣ ва боиродаи тоҷик бо чунин хислатҳои сарварашон ифтихор намуда, ҳамеша ин амалҳои шоистаи ӯро бо ифтихор ёд мекунанд.
Сипаҳсолори замон ба қадри забони ноби тоҷикӣ низ мерасанд ва онро муқаддас мешуморанд. Ба фасоҳату балоғати забон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, аз зиёиён дархост ба амал меовараданд, ки ба қадри ин рамзи муҳимми давлатдорӣ расанд ва барои густаришу рушди он саҳми босазо гузаронад. Вай ба ин хотир таассуроти хешро дар китоби “Забони миллат - ҳастии миллат” (дар ду ҷилд) муфассал баён карда, мегӯянд, ки “Забони мо хело уствор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз рӯйи нусхаи аслаш мутолиа менамоем”. Яъне, ҳазору сад сол қабл мардуми тоҷик ба ин забон ҳарф мезаданд, шеър эҷод менамуданд ва асарҳои илмӣ таҳия карда, вориди ганҷинаи илму адабиёти ҷаҳонӣ мегардиданд. Имрӯз бо кӯшиши Пешвои миллат забони тоҷикӣ рушд карда, мақоми давлатиро сазовор гардидааст. Ба қарибӣ Сарвари фарҳангпарвару забоншинос дар толори Донишгоҳи байналмилалии забонҳо баромад карда, доир ба хусусиятҳои фарқунандаи забони тоҷикӣ ва шириниву шевоии он изҳори назар карданд. Онро рамзи пойдории давлат дониста, аз соҳибони забон даъват ба амал оварданд, ки ба покизагиву суфтагии он аҳаммияти бештар диҳанд ва онро ҳамчун гавҳараки чашм аз ҳама гуна равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Вай борҳо таъкид менамояд, ки “ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад”. Ба ҳамин нуктаи муҳим такия карда, талаб мекунанд, ки таълими забони тоҷикиро дуруст ба роҳ монда, асолати забони ноб ҳифз карда шавад ва ҳамчун омили бақои ҳастии миллат рушду такомул ёбад.
Ба зами ин ҳама фаъолиятмандиҳои иҷтимоӣ соҳибҷашни миллат мактаби давладории тоҷиконро дар замони соҳибистиқлолӣ ба вуҷуд оварданд, ки он самараҳои нек ба бор овардааст. Дар шароити кунунӣ давлатдории миллиро тавон бахшидан, онро аз таъсирҳои манфии хатарҳои ҳозиразамон ҳифз кардан ва ба рушди давлатдории миллӣ роҳ кушодан кори осон нест ва хушбахтона, ба соҳибиҷашни мо имкон даст додааст, ки бо хидматҳои шоиста ва амалҳои солеҳи худ соҳиби мактаби давлатдорӣ гардад ва имрӯзҳо “мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфтааст. Ҳоло ҳазорҳо ҷавон ихтиёрӣ ба омӯзиши мактаби мазкур машғул шуда, хешро пайравони Сарвари давлат медонанд. Дар ҳамин замина мафҳумҳои “пайравони Пешвои миллат” ва “мактаби давладории Эмомалӣ Раҳмон” эҳё шуда, дар кишвар тарафдорони зиёдеро пайдо кардааст. Бовар дорем, ки ҷавонони имрӯза, бешак ин мактабро дастгирӣ менамоянд ва барои рушди он талош ҳам мекунанд. Ин мактаби Пешво ба шаҳрвандони мамлакат таҷрибаи ҳаётӣ ва корӣ дода, ба рушди Тоҷикистон роҳи васеи пешрафт ва тараққиётро боз менамоянд.
Дар ин рӯзи фархунда Пешвои ватандӯсту маърифатпарваро бо зодрӯзашон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва ба миллати сарбанди тоҷик сулҳу субот ва пойдорӣ таманно менамоем.
Абдуҷаббор Раҳмонзода
Сафири Фақулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон