Боздиди Сафир аз Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

09.03.2023 19:00

Рӯзи 9 марти соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода аз Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуданд.

Дар аввал Сафир ба фаъолияти кафедраҳои тайёрии ҷангӣ, гуманитарӣ ва забономӯзӣ шинос шуда, бо сарбозон, афсарҳо ва курсантҳо мулоқот доир намуд. Сипас, ба 16 нафар шунавандагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳсили хубу аълоашон "Ифтихорнома"-и Сафоратро тақдим кард.

Баъдан, Сафир бо роҳбарият ва ҳайати илмии Академия масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар самти омода намудани кадрҳои ихтисосманди низомӣ ва пешбурди корҳои илмии муштарак баррасӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg