Муаррифии китобҳои тозанашр

10.03.2023 19:06

Рӯзи 10 марти соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мизи мудаввар оид ба рӯнамоии китоби Рафиқ Нишонов “Дарахтон то бӯрон сарсабзанд” ва рисолаи Натан Маллаев “Абдулқосим Фирдавсӣ” доир гардид.

Дар чорабинӣ профессорон Аслиддин Қамарзода, Ҳомидҷон Ҳомидӣ ва муовини Сармуҳарири рӯзномаи “Овози тоҷик” Тоҷибой Икромов ва дигар ходимони илмӣ, шоирону нависандагон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни оғоз бахшида, нахуст ба ҳозирин ба хотири иштирокашон дар чорабинии мазкур сипогузорӣ намуд.

Номбурда таъкид кард, ки китоби яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ Рафиқ Нишонов таҳти унвони "Дарахтон то бӯрон сарсабзанд" бо ташаббуси фаъолони маданӣ Раҳимҷон Султонов, Аслиддин Қамарзода ва Тоҷибой Икромов аз русӣ ба забони фасеҳву ноби тоҷикӣ тарҷума шуда, аз ҷониби нашриёти "Академнашр" интишор гардидааст.

Сафир таассуроти худро оид ба китоб иброз намуда, қайд кард, ки китоб бо забони хуб тарҷума шуда, дар он ҳаёти шахсияти таърихӣ ва рӯзгори печутоби Рафиқ Нишонов воқеӣ тасвир шудааст.

Баъди муаррифии асар намояндаи нашриёти “Академнашр” 300 адад китоби “Дарахтон то бӯрон сарсабзанд”-ро ба Сафир тақдим намуд. Он ба китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад.

Дар идомаи маҳфил рисолаи Натан Маллаев "Абулқосим Фирдавсӣ", ки бо забони ӯзбекӣ таълиф шудааст, аз ҷониби профессор Ҳомидҷон Ҳомидӣ муаррифӣ гардид. Ба рисола академик А. Раҳмонзода ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешгуфтор навиштааст.

Сафир баён дошт, ки асари мазкур дар шинохи Фирдавсӣ нақши муҳим бозида, маҳсули корҳои илмии охири профессор Н. Маллаев мебошад. Китоби мазкур аз ҷониби соҳибкори тоҷик нашр шуда, тақдими дӯстдорони адабиёт гардид.

Дар қисми дуюми чорабинӣ шоирони тоҷики Ӯзбекистон ба муносибати фарорасии фасли баҳор шеърхонӣ карда, устодону шогирдони Донишкадаи мақоми ба номи Юнус Раҷабӣ аз силсилаи мақомҳои “Шашмақом” ба ҳозирин сурудҳои дилнишинро тақдим карданд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg