Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия

06.03.2023 19:10

Рӯзи 6 марти соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов мулоқот баргузор намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илм ва инноватсия, инчунин доир кардани озмунҳои донишҷӯён, ташкили форуми донишҷӯён, содда кардани нострификатсияи барои хатмкунандагони Тоҷикистон, бунёди марказҳои муштараки IT-технологӣ, ба имзо расонидани Созишнома миёни Комиссияи олии аттестатсионии ду кишвар ва истифода намудан аз манбаъҳои илмӣ, техникӣ ва технологии ҳамдигар изҳори назар намуданд.

Вазир иброз намуд, ки дар Форуми ректорони Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуда, масоили дигари ҳамкориҳоро дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи ҳамтояш мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Суҳбат дар фазои дӯстӣ доир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg