Ифтитоҳи Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон"

13.03.2023 19:20

Рӯзи 13 марти соли 2023 ба хотири ифтитоҳи Маркази тиҷоративу логистикии "Андархон" Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба вилояти Фарғона сафар намуд. Дар ноҳияи сарҳадии Бешариқи вилояти мазкур бо иштироки Ҳокими вилояти Фарғона, муҳтарам Хайрулло Бозорбоев, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ва соҳибкорону тоҷирони ҳар ду вилоят маросими гузоштани санги асоси сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" баргузор гардид.

Ҳокими вилояти Фарғона муҳтарам Хайрулло Бозоров дар суханрониаш меҳмононро хушомадед гуфта, бунёди марказро пули ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни вилоятҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон номид.

Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ дар баромади худ нақши созандаи ду роҳбари давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёевро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқ муҳим арзёбӣ карда, таъсиси Марказро барои ҳарду кишвар муфид донист. Дар баромади хеш Сафир аҳамияти ин ҳамкориҳоро барои пешрафти иқтисодиёту тиҷорати ҳар ду кишвар муҳим шуморид.

Дар чорабинӣ намояндагонӣ тиҷоратии ҳар ду вилоят ва масъулони воситаи ахбори омма иштирок намуданд. Дар охир консерти идона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg