Рӯзи 17 марти соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ба вилояти Навоӣ сафари корӣ ба анҷом дод.
Дар Навоӣ Сафир бо Муовини аввали Ҳокими вилоят Тӯлқин Атамуродов мулоқот карда, оид ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии зиёративу табобатӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон бо вилояти Навоӣ ба мувофиқа расиданд.
Зимни сафар А. Раҳмонзода бо Директори генералии Минтақаи озоди иқтисодии “Навоӣ” Ҳабиб Абдуллаев вохӯрӣ намуда, аз имконятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба ҳамсуҳбат маълумот пешниҳод кард. Дар идомаи сафар А. Раҳмонзода аз фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти махсус барои саноати маъдани куҳӣ “Навоипромлитмаш”, корхонаи истеҳсоли таҷҳизотҳои саноати кӯҳӣ, нафту газ ва кимиё “Гидро-станко-сервис”, корхонаи истеҳсоли қолин “Навои-Ишонч-Гиламлари”, корхонаи коркард ва истеҳсоли санги мармар “Tiancheng Stone” ва ғайра шинос шуд.
Дар ҳошияи сафар номбурда бо даъвати сокинони деҳаи зебоманзари Сентоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ дар чорабинии Наврӯзии деҳаи тоҷикнишин иштирок намуда, аҳли деҳаро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуд.