Рӯзи 3 апрели соли 2023 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Аълоев бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Дар он асосан масъалаҳои марбут ба доир гардидани ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки қарор аст дар Самарқанд баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис масъалаҳои ташкилӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ кард.