Шоирӣ ҳунари воло ва шоирон илҳомбахши рӯҳу ҷонанд. Ба шарофати хиради волояшон одамон дурри маънӣ меҷӯянд, сабақи рӯзгор меомӯзанд, ойини ҷавонмардӣ ва ватандориро аз бар мекунанд ва худогоҳу худшинос мешаванд. Шоирон ба одамон илҳом бахшида, рози нуҳуфтаи онҳоро ошкор месозанд, сухани волову пурҳикмат аз некиву накукорӣ мегӯянд ва ишқу муҳаббати инсониро тараннум карда, хостори сулҳу субот дар олам мебошанд. Онҳо дунёро бо мазҳари некӣ дида, дигаронро барои дарёфти он талқин менамоянд. Бо як ҷаҳон орзу ишора мекунанд, ки кас умрро зоеъ нагузаронад, некбину некандеш бошад. Шоирон инчунин мехоҳанд, ки дигарон аз файзи меҳри одамӣ самар гиранд, дар гулшани вафо сайр карда, аз накҳати анбарину шакаринаш лаззат баранд ва ишқро мояи ҳаёти босамар дониста, дар боғи атроинаш сайри маънӣ намоянд. Барои шоир саодати рӯзгори осудаи инсон уммеди ҳамешагист. Онҳо ҳаёти хушбахтонаи одамонро васф карда, ҷонро фидои ҷони мардуми хушбину хуштолеъ менамоянд. Шоирон рафоқату ҳамдилиро васф карда, тарғибгари дӯстии халқҳо мебошанд ва ин арзиши одамиро бо камоли меҳр ситоиш мекунанд.
Асад Гулзодаи Бухороӣ низ аз ҷумлаи чунин шоирони меҳрпарвар, сулҳдӯст, ҳақшинос ва ҳақбин мебошад, ки дар ашъораш беҳтарин хислатҳои неки инсониро тасвир карда, ғояи дӯстиву рафоқатро тараннум намудааст. Шоир меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан дошта, сарзамини тоҷикон ва ӯзбекҳоро хело моҳирона, бо диди нав ситоиш мекунад. Ӯ ба мафҳумҳои Модар – Ватан, ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, садоқату ҳамдилӣ ва сулҳу субот арҷ гузошта, бо лафзи ширину баёни гавҳарин ин масъалаҳои умумибашариро дар шеърҳояш шарҳ медиҳад.
Асад Гулзодаи Бухороӣ ба дунёи шоирӣ барвақт роҳ ёфта, ҳангоми донишҷӯияш аввалин шеърҳои шоигирдонаашро таълиф намудааст. Аммо бо мурури замон, омӯзиши осори адибони гузаштаву муосир ба ӯ имкон додааст, ки нозукиҳои каломи бадеъро аз бар созад ва дар ҷодаи шоирӣ пайраҳаи худро пайдо намояд. Вай дар ин муддат шеъру ғазал, рубоиву дубайтӣ, чорпораву қитъаҳои ноб таълиф карда, дар онҳо беҳтарин сифатҳои одамонро тасвир намудааст. Ӯ дар шеърҳояш ба қудрату бузургии инон баҳои баланд дода, дар ҳолату вазъиятҳои мухталиф ҳаёти босаодат ва рӯзгори пурнишоти ӯро бозтоб додааст.
Асад Гулзодаи Бухороӣ маҷмӯаҳои ашъори худро дар давраҳои гуногун бо номи “Насими Бухоро”, “Хати пешона”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Нафаси баҳор”, “Намози рӯйи барг”, “Арзи сипос”, аз чоп бароварда, дӯсторони сухани бадеъро бо осораш ошно намудаст. Дар солҳои охир “Кулиёти осор”-и вай дар чаҳор ҷилд тақдими хонандагон гардида, дар онҳо намунаҳои беҳтарин шеърҳои шоир ҷамъоварӣ шудаанд. Аз мазмуну муҳтавои осори шоир маълум мешавад, ки вай таассуроти хешро бо завқи баланд баён карда, муҳимтарин масъалаҳои ҳаётиро мавриди тасвир қарор додааст. Вай ба мавзӯи дӯстӣ, ватандӯстӣ, инсонгароӣ, ишқу муҳаббат, хайру эҳсон, дӯст доштани табиат ва васфи сарзамини тоҷикону ӯзбекҳо бештар рӯ оварда, ҳар кадоми онро бо шаклу шеваи ба худ хос таҷассум менамояд.
Асад Гулзодаи Бухороӣ дар ҷилди сеюми “Куллиёт” ва дигар маҷмӯаҳояш бо меҳри беандоза васфи Тоҷикистон ва халқи тоҷикро намуда, бузургиву тавоноии мардуми саодатмандро васф мекунад. Шоир аз тоҷикияти худ ифтихор карда, дар силсилаи шеърҳои ”Тоҷикистоннома” бо ғуруру шодмонӣ васфи диёри зебоманзарро карда, ба пешрафту ободии Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад. Ҳамин ҳиссиёти хешро шоир аз шарҳи мазмуни Ватан шуруъ карда, бо дили гарм Меҳани дилбандашро ситоиш мекунад ва ба он дилбастагии хос дорад. Қаҳрамони ғиноии шоир аз дилу ҷон ба Ватан хидмат карда, ба дифои он омода аст ва қадрашро аз ҳама боло медонад. Шоир ҳамин ҳиссиёти ботинии хешро дар шеъри “Эй Ватан” ба таври зайл баён месозад:
Хоки покат бӯйи одам мекунад,
Камбағалро бою Ҳотам мекунад.
Баски ҳосилхез бошад хоки ту,
Оламеро сабзу хуррам мекунад.
Сарбаландам дар сари хокат, Ватан,
Баҳри ҳифзат медиҳам ман ҷону тан.
Ҳар кӣ монад беватан, гардад ғариб,
Назди хокат ҳеҷ не мушки Хутан.
Эй Ватан, дар хидматат омодаем,
Баҳри ҳифзат ваъдаҳо ҳам додаем.
То кунем бар ваъдаҳои худ вафо,
Рӯзу шаб дар сарҳадат истодаем...
Дар чаҳорпораҳои мазкур Асад Гулзодаи Бухороӣ бо меҳри беандоза Ваташаро ситоиш карда, бо ҳастиаш ифтихор менамояд ва таъбири бисёр зебои “бӯйи одам” кардани Ватанро пеши назар оварда, фарзандони шуҷоъву далерашро, ки баҳри ҳифзу ҳимояи он омодаанд, қадр менамояд. Шеъри мазкур бо як самимияти баланд суруда шуда, муҳаббати бепоёни шоирро нисбат ба Ватани дилабанд ифода менамояд.
Шоир дар бисёр шеърҳояш бузургии Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди онро тасвир карда, халқи забондон, фарҳангпарвар ва меҳнатдӯст будани тоҷиконро бо шавқ таъкид менамояд. Дар таассуроти шоир Тоҷикистон ба монанди модари дилбанд буда, аз меҳру муҳаббати он дил канда наметавонад ва қудрату азаматашро дар шеъри мазкур чунин тараннум менамояд:
Тоҷикистон,
Тоҷикистон!
Саҷдагоҳи тоҷикон.
Эй дару даргоҳи мо,
Қалби гарму доимо огоҳи мо,
Ибтидову интиҳои роҳи мо,
Доимо ҳамроҳи мо.
Исми покатТоҷикистон кардаанд,
Бо сухан боғу гулистон кардаанд.
Бо ғаму дарди ту ҳар як шоират
Доимо парвона дар гирди сарат.
То ки бошӣ чун Бадахшон сарбаланд,
Дар ҷаҳон ҳаргиз наёбӣ ту газанд,
Қасри ту аз санги хоро сохтанд,
Мисли Сомонӣ Бухоро сохтанд.
То ки бошӣ муътабар,
Шуълаи нуре ба cap...
Дар шеъри мазкур адиб таассуроти қаҳарамони лирикиро хело самимӣ баён менамояд. Ӯ аз номи пурифтихори тоҷик руҳбаланд гашта, мардуми суханпарварашро бо некӣ ёд мекунад ва хешро мисли “парвона” тасаввур карда, Тоҷикистонро ҳамчун “шуълаи нури басар” медонад. Махсусан, дар шеъри “Кишвари ҷон” шоир дилбастагии худро ба сарзамини тоҷикон беҳтар баён намуда, онро “дилрабову дилкушо” меномад ва ҳиссиёти бепоёни хешро чунин ифода мекунад:
Диёри дилрабоям, Тоҷикистон,
Диёри дилкушоям, Тоҷикистон!
Саросар гаштаӣ ту боғу бӯстон,
Ба сӯят пар кушоям, Тоҷикистон.
Шоир на танҳо дар ғазал, чаҳорпораҳо ва сурудҳояш васфи Тоҷикистонро баён месозад, балки дар дубайтиву рубоиҳояш ҳам аз тасвири зебоии Тоҷикистон, макони пирони хирад будани он ёд карда, шуҳрати беандоза касб кардани диёри номдорашро самимона бозтоб медиҳад:
Зи ту дурам диёрам, Тоҷикистон,
Диёри ғамбарорам, Тоҷикистон.
Ба мислат мулки зебое надидам,
Ту бошӣ дар ҷаҳон лаъли Бадахшон.
Бо ҳамин дилбастагӣ Асад Гулзодаи Бухороӣ забони тоҷикиро васф карда, чанд шеърашро ба мавзуи мазкур бахшидааст. Вай забонро беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ медонад ва сифатҳои дилписанду шоирона гирифтани онро васф мекунад. Шоир ба шукуҳи шаҳомати забон эҳтиром гузошта, мақоми давлатӣ гирифтани онро табрик мегӯяд ва ба қадри дурри дарӣ расиданро ташвиқ мекунад. Дар баъзе шеърҳои дигари шоир ойинҳои мардумӣ ва маросимҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи хуҷастапай ситоиш ёфта, аз таъриху фарҳанги пурифтихори халқи тоҷик бо муҳаббат ёд мекунад. Ӯ шукуҳу ҷалоли Душанберо ҳамчун пойтахти тоҷикон васф карда, дар шеъри “Душанбе” андешаи худро чунин ифода менамояд:
Аё шаҳрам, Душанбеи дилоро,
Барои ман ту ҳастӣ чун Бухоро.
Ту қалби беқарори давлати ман,
Барои тоҷикон ҳастӣ гуворо.
Барои Асади Гулзода мафҳумҳои Душанбе, Тоҷикистон, Ватан баробар қадр дошта, ба ин маконҳои қадимаву пур аз рӯйдоду воқеаҳои таърихӣ эҳтиром мегузорад ва ба забон овардани исми покашонро мояи ифтихор медонад. Шоир ба мисли устод Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар Тоҷикистонро аз дилу ҷон дӯст медорад ва аз ободиву пешрафти он бо шодиву фараҳ сухан мегӯяд ва ба “боғу бӯстон” мубадал гаштани куҳандиёри дилбандашро фоли нек дониста, пешравиҳои онро таҷассум менамояд.
Асад Гулзодаи Бухороӣ дар ашъори худ васфи Ӯзбекистон ва дастовардҳои онро низ хело ҳунармандона инъикос кардааст. Вай дар шеърҳои “Ӯзбекистон”, “Мустақилӣ муборак”, “Шукрона”, “Ӯзбекистон – мулки дилрабо”, “Мероси гаронбаҳо” “Соли тақдирсоз”, ки дар ҷилди сеюми “Куллиёт”аш ҷой гирифтааст, қудрату тавоноӣ, ободиву пешрафт, истиқлоли диёри беканор ва рӯҳбаландиву саодатмандии халқи ӯзбекро бо дилбохтагии том тасвир мекунад. Махсусан, дар шеъри “Ӯзбекистон – мулки дилрабо” дар бораи ин кишвари босаховат ва фарҳангӣ сухан гуфта, пешрафту гулгулшукуфии онро чунин тасвир месозад:
Ту мулки дилкушоӣ,
Ту мулки дилрабоӣ.
Чор фасли ту баҳор аст,
Доманат лолазор аст.
Давлати беҳамтоям,
Мадҳи туро намоям.
Савлатам Ӯзбекистон,
Давлатам Ӯзбекистон.
Шоир Ӯзбекистонро, ки дар канораш тарбия ёфта, ба мартабаи адиби тавоно расидааст, дӯст медорад ва аз пешрафти комёбиҳои он бо шодмониву фараҳмандӣ андеша меронад. Вай ҳиссиёти ботиниашро бо беҳтарин таъбиру ибораҳои дилкаш ифода карда, шукронаи халҳои тоҷику ӯзбек менамояд. Дар ашъори шоир бо ин восита дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳалқаи бебозгашти тасвириро ташкил карда, меҳру муҳаббат, рафоқату дӯстии ду халқ бо самимият бозтоб мегардад. Ба маънои дигар, шоир тараннумгари дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу ҳамсоягӣ буда, дар аксари шеъру сурудҳояш мавзуи мазкур ҷойи намоёнро ташкил медиҳад.
Дар баъзе шеърҳои Асад Гулзодаи Бухороӣ ба ҷойи калимаи Ватан мафҳуми зодгоҳаш – Бухоро, ки шоир дар канори он бузург шудааст, бо ифтихор ёд мешавад ва тавоноии ин шаҳри куҳан бо муҳаббату самимият тараннум мегардад. Адиб Бухорову Самарқандро қадамҷойи бузургони шеъру адаб дониста, аз фарзандони барумандаш бо меҳр ёд мекунад ва бо таърихи пурифтихори зодгоҳаш фахр карда, аз Ҷӯйи Мӯлиён, мақбараи Исмоили Сомонӣ, мадрасаву масҷидҳои боҳашамат, кӯшку манорҳои сарбафалак ёдовар мешавад ва аз абармардони илму адабаш илҳом гирифта, ҳашамату бузургии гузаштагону муосиронашро васф менамояд. Дар чунин вазъият қалби шоири шӯридадилро эҳсоси гарми бузургони шаҳраш ба ваҷд оварда, хотираи таърихии ӯро рӯҳи онҳо ором нагузошта, бо камоли меҳр симои фозилонашро пеши назар меоварад ва Бухороро чунин васф менамояд:
Эй Бухоро, шамси иқболам туӣ,
Дар фазои қисматам болам туӣ.
Дар замони бенизому пурқиём,
Муттакои ҳолу аҳволам туӣ.
Эй Бухоро, аз ту ҷӯям асли худ,
Эй Бухоро, аз ту ҷӯям насли худ.
Чун ту ҳастӣ манзили ҷону дилам,
Эй Бухоро, аз ту ҷӯям васли худ.
Дар ғазали мазкур шоир Бухороро ба “шамсу иқбол”, “мутакои ҳолу авҳол”, “манзили ҷону дил” монанд карда, ба қудрати маърифатбахш доштани он ифтихор мекунад ва бо муҳаббати бепоён нисбат ба шаҳри дилбандаш садоқат доштани худро пинҳон намедорад. Вай Бухороро қуввати рӯҳу ҷон дониста, ба он самимияти беандоза дорад ва аз канораш ҷудо шудан намехоҳад. Ӯ ба мисли Ҷалолуддини Балхӣ дар пайи дарёфти васли хеш шуда, қиблаи умеду васли муҳаббатро дар Бухоро мебинад. Шоир ҳамин дилбохтагии хешро дар шеъри “Паёме аз Бухоро” чунин ифода менамояд:
Аз Бухоро мо салом овардаем,
Ҳурмату сад эҳтиром овардаем.
То ки бошем лоиқи базми шумо,
Гавҳари садҳо калом овардаем.
Меҳри поки мардуми куҳандиёр
Ҳамчу туҳфа ҷузъу том овардаем.
Дар шеъри мазкур шоир Бухорои куҳандиёрро тавсиф карда, меҳри онро ба дигарон талқин мекунад ва садои дили мардуми диёрашро ба дигарон ҳамчун “салом” тақдим менамояд. Дар ин меҳрнома шоир ба дӯстону ҳабибони Бухоро салом гуфта, аз бузургии мардуми Бухоро ва қалби пур аз лутфу карами мардуми шаҳр барги дӯстӣ мефиристад ва ба шодии ҳамзабононаш шодӣ ҷамъ менамояд.
Асад Гулзода шоири эҳсосотҳост. Ӯ ҳиссиёти хешро насбат ба гузаштаи халқаш бо таҳаммул баён карда, аз фарзандони некноми Бухоро ёд мекунад ва онҳоро нишонаи ҷовидонагии диёри номдораш медонад. Шоир бо муҳаббати саршор аз бузургони миллат ёд карда, дар шеърҳои “Боғи Сомониён”, “Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ”, “Ибни Сино”, “Бухорои Сино” ва амсоли инҳо муроди дили хешро баён месозад. Чунончи дар бораи устод Рӯдакӣ менависад:
Аз кӯдакӣ Рӯдакӣ
Дар Бухоро зиста буд.
Дар ин шаҳри дилоро
Тақдираш пайваста буд.
Дар боргоҳи Сомонӣ
Як фарди хосае буд.
Дар хизмати шоҳонаш
Умре пайваста буд.
Шоир баробари адибу олими бузург Рӯдакӣ ва Сино аз бисёр чеҳраҳои адабиву фарҳангии Бухоро, ба мисли Исмати Бухороӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Наслии Бухороӣ, Мунзими Бухороӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон ёд карда, дар ашъори дилкашаш васфи онҳоро намуда, ба хидматашон баҳои сазовор додааст. Чунин шеърҳои ватандӯстона дар аксари маҷмӯаҳо ва куллиёти шоир мушоҳида мешаванд ва адиб бо як дилгармӣ ва эҳсосоти амиқ рӯҳи бузургони миллатро шод карда, осору рӯзгори онҳоро мояи ифтихори муосирон медонад.
Шоири ватандӯст бо ҳамин гуна дилгармӣ аз Самарқанд низ бо муҳаббат ёд карда, шаҳри пурифтихору овозадорро ба меҳри беандоза васф мекунад ва онро ба “шарбату қанд” монанд карда, тавассути шаҳри озодагон дониш гирифтану камолот ёфтанашро ба хотир оварда, таассуроти хешро дар шеъри “Самарқанд” ба таври зайл баён месозад:
Самарқандам, Самарқандам,
Ту кони шарбату қандам.
Ту додӣ донишу пандам,
Ба меҳрат решапайвандам.
Бо ин ҳарфҳои дилкаш ва баёни муъҷаз шоир иктифоъ накарда, Самарқанду Бухороро якҷо васф намуда, дар шеъри “Самарқанду Бухоро” зебоиву бузургии шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро чунин тасвир месозад:
Ду нури дидагонам –
Самарқанду Бухоро.
Ҳам зӯру ҳам тавонам –
Самарқанду Бухоро.
Бояд гуфт, ки шоири ватандӯсту ватанхоҳ Асад Гулзодааи Бухороӣ бо завқи баланд ва мояи шодмонӣ тавоноиву шукуҳи ҳар ду диёраш – Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро васф карда, ба бузургону адибонаш ифтихор менамояд ва қудрату азамати онҳоро ошкоро баён месозад. Вай дилбохтаи забону таърихи халқаш буда, ҳамин андешаро дар як чаҳорпорааш боз ҳам самимӣ баён карда, мегӯяд:
Худшиносӣ ифтихори миллат аст,
Худшиносӣ иқтидори миллат аст.
То ки бошем соҳиби мулку Ватан,
Худшиносӣ гиру дору миллат аст.
Дар ҳақиқат, Асад Гулзодаи Бухороӣ шоири дарду ормонҳо буда, дар ашъораш масъалаҳои муҳимми ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳиро бештар ҷой дода, ба Ватану мардуми он меҳри беандоза дорад. Шоир ҳамин дилбастагиро дар ашъораш ба таври васеъ баён карда, ба ҳар ваҷаб хоки диёраш саҷда меорад ва матонату бузургии фарзандони онро тасвир карда, бо ин восита нерӯву қувват мегирад ва шукри сарзамини бобоӣ менамояд. Мо ба ин шоири ватанпарвар, пеш аз ҳама саломатӣ хоста, ҷашни фархундаи ӯро ба ҳамаи ҳаводорони шеъри тоҷикӣ табрик менамоем.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон