Рӯзи 30 марти соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии Агентии миллии "Узбеккино" Фирдавс Абдухолиқов мулоқот доир намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо иштироки синамогарони Тоҷикистонро дар ХV-умин кинофестивали шаҳри Тошканд ва баргузор намудани Рӯзи кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар самти синамо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.