Рӯзи 14 апрели соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаи Осорхонаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро беш аз 90 адад адабиёти тозанашрро, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардида буд, ба ин муассисаи фарҳангӣ тақдим намуд. Роҳбарияти осорхона қайд карданд, ки дар арафаи таҷлили 145 солагии адиби маҳбуб соҳиби туҳфаи муносиб гардиданд.