Мулоқот бо Раиси композиторони Ӯзбекистон

17.04.2023 13:51

Рӯзи 17 апрели соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи санъати мусиқӣ, ташкил намудани курсҳои касбӣ барои композиторони ҷавон инчунин омодагиҳо ҷиҳати баргузории консерти муштараки композиторон ва бастакорони ду кишвар, ки моҳи оянда дар шаҳри Душанбе банақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 бо ташаббуси Сафорат консерти муштараки ду ниҳод ба муносибати 30-солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд. Дар ҳошия он Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg