Рӯзи 17 апрели соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурддинҷон Исмоилов мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон робитаҳои ду кишвар дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ босуръат рушд ёфта, мазмуну мундариҷаи нав касб намудааст.
Ҳамчунин тарафҳо тақвияти ҳамкориҳои пурсамарро миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун андешаронӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.