Барои мардуми шариф ва сарбаланди тоҷик боиси ифтихор аст, ки аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати як шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф менамоянд ва дар бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва сафарҳои кориву давлатӣ аз хидматҳои шоистаи ӯ ба некӣ ёд мекунанд.
Дар ҳақиқат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои фаъолиятманд ва саршинос мебошад, ки бо дониши баланди сиёсӣ, ҷаҳонбинии амиқи фалсафӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, афкору андешаи пешқадам, ақидаҳои собитқадамона ва ибтикори шоиста на танҳо дар миёни ҳамватанон, балки дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шӯҳрати беандоза пайдо кардааст. Вай ба сифати абармарди дунёи сиёсат эътироф гардида, аксари пешниҳодҳояш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари қудрат омадан, пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат хотима бахшида, вазъи сисёсиро дар саросари ҷумҳурӣ ба эътидол оварданд. Дар баробари ин кишварро аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ раҳо бахшида, истеҳсолотро ба роҳ монданд ва барои беҳтар шудани вазъи некуаҳволии аҳолӣ ҳамаҷониба талош намуданд. Ҳамзамон ба хотири рушди боэътимоди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои судманду стратегӣ, аз қабили раҳоӣ бахшидан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмин намудани аҳолӣ ба электроэнергия ва озуқавориро эълон намуданд, ки дар натиҷа ин ҳадафҳо барои рушди соҳаҳои афзалятнок ва иҷтимоии мамлакат роҳи васеъро боз карданд ва Тоҷикистони азизро ба кишвари рӯ ба рушд ва мутараққӣ табдил доданд. Ба ин низом расидани Тоҷикистонро аксари ташкилотҳои молиявӣ, байналмилалии ҷаҳонӣ ва шарикони рушд тасдиқ карда, борҳо дар гузоришҳои худ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат, тараққиёти босуръати Ватани маҳбубамонро қайд карданд ва хидматҳои шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро воқеъбинона ишора намуданд.
Дар ҳамин замина ба хотири арҷ гузоштан ба таърих ва анъанаҳои неки халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устувор кардани пояҳои Ҳокимият, таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи рамзҳои милливу давлатдорӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта, бо иштироки аксари аҳолӣ ва бо тариқи райпурсии умумӣ Кониститутсия ва дигар санадҳои муҳимро қабул карда, ҷиҳати уствор кардан ва таҳким бахшидани ваҳдату субот ва давлатдории миллӣ ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардиданд. Роҳбари давлат борҳо бо пешниҳодҳои мушаххас баромад карда, дар мамлакат як қатор симпозиуму конфронсҳои сатҳи баландро бо иштироки олимони ватаниву хориҷӣ баргузор карданд, ки онҳо дар мустаҳкам гардонидани давлатдории миллӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва мустаҳакам шудани сохтори давлатӣ нақши арзишманд бозиданд. Агар то замони Истиқлолият аз таърихи ҳукмронии сулолаи ориёиҳо, сосониҳо, тоҳириҳо, сомониҳо, ғуриҳо зумрае аз зиёиён ва олимон огаҳӣ доштанд, баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозӣ кардани чорабиниҳои илмӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ, таҳияву чопи китобҳо ва тарғиби таъриху фарҳанги куҳан аксарият рӯ ба омӯзиши гузаштаи худ карда, аз саҳифаҳои пурифтихори халқи тоҷик огаҳӣ пайдо карданд ва ба омӯзиши сарчашмаҳои таърихиву адабӣ бештар рӯ оварда, доираи ҳофизаи фарҳангии хешро васеъ намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ҷашнҳои миллии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада умри дубора пайдо карда, мардум ба асолати ин ҷашнҳо сарфаҳм рафтанд ва онҳоро ҷуъзи фарҳанги ниёгони хеш пазируфта, дар зинда кардани рукнҳои дигари онҳо талош намуданд.
Бо ташаббуси ин сиёсатмадори оқилу хирадманд дар ҷумҳурӣ Шӯрои ҷамъиятӣ, Шӯрои кӯҳансолон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Анҷумани “Пайванд”, Созмони ҷавонон, Ҳизби Халқӣ - Демкратӣ, Кумитаи якдилии сулҳ ва даҳҳо ташкилоти ҷамъиятиву давлатии дигар арзи ҳастӣ карданд, ки раисии аксари ин созмонҳоро худи Роҳбари давлат бар ӯҳда гирифта, дар таъмини сулҳу субот, мутаҳидии халқ ва мустаҳкам кардани иқтидори милливу давлатӣ саҳми босазо гузоштанд. Имрӯзҳо созмонҳои мазкур дар атрофи Сарвари хирадманди худ ҷамъ омада, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ талош доранд.
Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аксари сарони давлатҳо эътироф карда, пешниҳодҳои ӯро дар масъалаҳои геосиёсӣ, аз ҷумла мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, гармшавии табиат, хориҷ шудани гази карбон, энергияи сабз ва бисёр проблемаҳои глобалии дигари сайёра ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Махсусан, панҷ пешниҳоди Сарвари давлат доир ба мушкилоти об аз ҷумлаи иқдомотест, ки имрӯз барои аз хатари ҷиддӣ ҳифз кардани инсоният нақши созанда мебозанд. Ҳамаи ин ташаббусҳо, ки моҳияти умумибашарӣ доранд, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастгирӣ ёфта, дар заминаи онҳо конфоронсу самит, ҷорабиниҳои дигари илмиву амалӣ доир шуда, барои осон кардану коҳиш ёфтани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, табииву иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Дар минтқаи Осиёи Марказӣ низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадор, ташаббускор, шахси кордону ботаҷриба, ходими фаъоли давлатӣ ва ҷамъиятӣ эҳтиром менамоянд ва хидматҳояшро ба таври шоиста қадр мекунанд.
Бахусус, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳнатқарину меҳмоннавози ӯзбек заҳматҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, нақши ӯро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарона назаррас медонанд. Ҳамин хидматҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, 17 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида, ба шахсияти вай баҳои баланд додаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек саҳми босазо гузошта, муносибатҳои неки ҳамсоягиро таҳким бахшидааст. Вай дар тавсеаи робитаҳои гуногунҷабҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои рушди ҳамкориҳои самарабахши ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хидмати шоиста намудааст. Президенти мамлакат дар баробари ин барои сулҳ, амният ва субот дар минтақа талош карда, ҷиҳати амалӣ шудани як қатор ташаббусҳои арзанда саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамин заҳматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев қадр гардида, ӯро ба сифати роҳбари сиёсӣ ва ходими давлатӣ эҳтиром менамояд.
Дар шаш соли охир миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо кӯшиши ду сарвари хирадманд - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳо ба маротиб боло рафта, беш аз 250 ( аз аввали барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бошад, зиёда аз 420) санади ҳамкорӣ ва қарододу шартномаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расидаанд, ки ҳар кадом барои уствор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ нақши назаррас бозидаанд. Ҳар ду Роҳбари дурандеш ва ояндабин хоҳони равобити дӯстонаву бародарона буда, дар рушди иқтисоди миллии ҳамдигар мусоидат карда, дар чорабиниҳои сатҳи балнди минтақавию ҷаҳонӣ ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба пешрафти кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ҳамфарҳангу ҳамдин - Ӯзбекистони бародар муносибати хайрхоҳона дошта, хостдори пешрафт ва тараққиёти он мебошад. Вай ҳамеша ба комёбиҳои кишвари ҳамсоя баҳои баланд дода, сиёсати оқилонаи Роҳбарияти олии ин кишварро дастгирӣ менамояд ва тарафдори рушди бемайлони ҷумҳурии бародар мебошад. Вай дар бисёр масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташабусҳои Шавкат Мирзиёевро дастгирӣ намуда, аз сатҳи баланди муносибатҳои некбинона изҳори назар намудааст. Дар масъалаи таъмини об ва тақсимоти одилонаи он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушбин буда, ҷонибдори сари вақт таъмин кардани ҷумҳуриҳои минтақа ба об мебошад ва дар аксари баромадҳои сатҳи баланд ин андешаро баён карда, ҷиҳати амалӣ шудани ақидаҳояш талош мекунад ва шахсан рафти иҷрои онро назорат менамояд.
Дар масъалҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, ҷиҳати табодули таҷриба ва доир кардани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ талош менамояд ва ҷонибдори қувват гирфтани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад. Ҳамаи ин тадбирҳои собитқадамона асос шудаанд, ки Сарвари ҷумҳурии ҳамсоя ба нақши Пешвои миллат баҳои баланд дода, ӯро ба мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида, аз раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркманистон ва Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон, муҳтарам Қурбонгулӣ Бердумуҳаммедов ҳам нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хос дошта, борҳо дар баромад ва суханрониҳояшон дар Душанбе ва Ашхобод аз саҳми Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ва ташаббускор ёд кардааст. Махсусан, нақши Роҳбари Тоҷикистонро дар сулҳу субот ва амнияти минтақа муҳим арзёбӣ карда, ба фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ӯ баҳои баланд додааст. Вай ҳангоми мулоқоти муштарак дар шаҳри Туркменбошии Ҷумҳурии Туркманистон дар ҳузури сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Миёна хидматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус зикр карда, нахустин мукофоти олии кишварҳои Осиёи Миёна - “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” - ро ба ӯ тақдим намуданд. Вай ҳамзамон саҳми шоистаи Президенти Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории далатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои ҳамсоя дар арсаи байналмилалӣ муҳим дониста, ба шахсияти сиёсиву иҷтимоии ӯ баҳои баланд додаанд.
Дар давраи сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати Тоҷикистон ва Туркманистон хело рушд карда, санадҳои зиёди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ба имзо расиданд, ки боиси пешрафти муносибати дӯстонаву бародарона миёни ду кишвар гардиданд. Дар ин давра як қатор шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расиданд, ки онҳо дар зиёд шудани ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот миёни ду кишвар саҳми муносиб гузоштанд. Ҳамин муносибати неки дӯстона ва бародарона асос шудааст, ки ба қарибӣ Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, муҳтарам Сардор Бердимуҳаммедов ба кишвари мо сафари корӣ ба анҷом расонида, якчанд санадҳои нави ҳамкориро ба имзо мерасонад. Ин ҳуҷҷатҳои расмӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар мусоидат карда, боиси пешрафти муносибатҳои некбинона миёни ду кишвар ва минтақа хоҳад гашт.
Ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими давлатӣ собиқ Президени Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев ва Президенти кунунии Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Кемилович Тоқаев низ баҳои баланд додаанд. Чунончи, рӯзи 4 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим - Жомарт Тоқаев ба Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти баланди давлатӣ Ордени “Алтин Қирон” - ро тақдим намуданд.
Президенти Қазоқистон, муҳтарам Қосим – Жомарт Тоқаев ҳангоми супоридани мукофоти давлатӣ саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон махус таъкид карда, ҳар ду кишварро ҳамчун шарики стратегӣ эълон карданд. То ин давра Сарвари далат якчанд маротиби ба Қазоқистон ташриф оварда, дар мулоқоту ҷаласаҳои сатҳи баланд баромад намуда, як қатор созишномаву қарордодҳои муштаракро ба имзо расонидаанд. Ба шарофати чунин ҳамкорҳои густурда миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гуманитариву фарҳангӣ рушд карда, тайи даҳ соли охир ҳар ду кишвар ба муваққиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэтиъмод ва стратегӣ ҳамеша мамлакати моро дастгирӣ намуда, дар вазъиятҳои мушкилтарин кумаки хешро аз Тоҷикистони азиз дареғ надоштааст. Дар ҳамин замина корхонаҳои муштарак таъсис ёфта, гардиши молу маҳсулот миёни ду ҷумҳурӣ ба маротиб боло рафтааст. Қазоқистон инчунин дар тарбияи кадарҳои баландихтисос ба кишвари мо кумак карда, ҳар сол барои Тоҷикистон беш аз сад квотаи давлатӣ ҷудо менамояд.
Бо омадани Жомат - Қосим Тоқаев вазъи ҳамкориҳо боз ҳам беҳтар гардиданд. Рӯзҳои 3-4 майи соли равон баргузор шудани Форуми иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Остона ва ба имзо расидани созишномаву қарордодҳои нав ба рушди ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст мусоидат карда, муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба маротиб боло бурдааст. Дар амалӣ гардидани ин тадбирҳои муҳиму аввалиндараҷа саҳми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд назаррас мебошад. Вай пайваста кӯшиш менамояд, ки миёни ду мамлакат ва умуман, ҷумҳуриҳои Осиёи Маразӣ ҳамкориҳо гусариш ёбанд ва барои пешрафти кишварҳо манфиатбахш бошанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯйи таҳлилҳои аксари мутахассисони соҳаи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ дар ду даҳсолаи охир мақоми Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Маразӣ ба маротиб боло рафта, аксари сарони давлатҳо ӯро ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва ходими давлативу ҷамъиятӣ эҳтиром менамоянд ва хидматҳои шоистааашро қадр мекунанд.
Мардуми тоҷик хушбахт аз онанд, ки чунин Сарвари хирадманд ва дурандеш доранд ва аз дастоварду муваффақиятҳояшон ҳамеша ифтихор менамоянд.
Дар арафаи Иди зафар қадр шудани хидматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон нишонаи боло рафтани нуфуз ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии Ҷаноби Олӣ дар минтақа буда, аз баланд рафтани обурӯй ва мавқеи сиёсии вай дар ин марзи геосиёсӣ дарак медиҳад.
Мукофоти навбатиро ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик менамоем.
Абдуҷаббор Раҳмонзода
Сафири Фақулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон