Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд.

12.05.2023 19:21

Рӯзи 12 майи соли 2023 дар шаҳри Тошканд таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҳарду кишвар, инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои супоришҳои Роҳбарони олии ду кишвар оид ба таҳким ва густариши ҳамкории бисёрҷабҳа байни кишварҳои дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба минбаъд афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти ниёзи мардум, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои саноати сабук ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо пуштибонии хешро барои таҳкими минбаъдаи равобити наздисарҳадӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар, инчунин вусъат додани робитаҳо байни доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор намуданд.

Дар фарҷоми нишаст Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон се созишномаи нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg