Иштирок дар фестивали байналмилалии гулҳо

21.05.2023 18:49

Рӯзи 21 майи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҷиҳати иштирок дар фестивали байналмиллалии Иди гулҳо ба вилояти Намангон сафар кард. Дар шаҳри Намангон баробари дидан кардан аз намоиши гулҳо якҷо бо ҳайати меҳмононе, ки бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ба ин фестивал омада буданд, бо масъулини вилояти Намангон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти иқтисодиву тиҷоратӣ баррасӣ карданд. Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg