Рӯзи 27 майи соли ҷорӣ дар Боғи истироҳати “Central Park”-и шаҳри Тошканд Фестивали XIХ хайриявии анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Чорабиниро Бюрои хадамоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар радифи дигар кишварҳо бо суфраи худ дар ҷашнвора ширкат намуд.
Дастурхоне, ки Сафорати Тоҷикистон дар ин ҷашнвора орост, аз таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, мисли қурутоб, оши бурида, оши палав, калапоча, инчунин бастаи шириниҳо, маҳсулоти аз хамир тайёршуда ва анвои мевагиҳо иборат буд.
Дар Фестивал бо ташаббуси Сафорат ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ширкат намуда, намунаи маҳсулотҳои миллиро муаррифӣ карданд. Дар чорабинӣ Роҳбари ансамбли фалаки вилоят иштирок ва овозхонӣ кард. Ҳамчунин намояндагони ширкати сайёҳии “Сайри бӯстон” иштирок карда, ба хориҷиён оид ба маконҳои сайёҳӣ Тоҷикистон маълумотҳои зарӯриро пешниҳод намуд.
Дар охир масъулини чорабинӣ ғолибонро аз рӯи номинатсияҳо эълон карда, Тоҷикистонро аз рӯи номинатсияи “Таомҳои миллӣ» ва барои иштироки фаъол ва беҳтарин гӯша дар Фестивал ғолиб дониста, сазовори дипломи махсус гардонид.