Вохӯрӣ бо Директори Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

30.05.2023 15:24

     Рӯзи 30 майи соли 2023 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Директори Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Вафаев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи ҳамкорӣ миёни  ду кишвар, аз ҷумла ба фаъолият шурӯъ намудани Ширкати муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

А.Раҳмонзода дар рафти суҳбат мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои ҳалли он ва ҳарчи тезтар ба фаъолият шурӯъ намудани Ширкати муштаракро муҳим шуморид. Ҳамзамон якчанд лоиҳаи сармоягузориро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод шуда буд, барои омӯзиш ва дастгирӣ ба Роҳбари Бунёди мазкур пешниҳод кард.

Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҶДММ бо сармояи оинномавии ибтидоии 12 млн доллар таъсис ёфта, марҳила ба марҳила то 100 млн доллари ИМА расонида мешавад.

Ҳиссаи Фонди таҷдиду рушд дар ташаккули сармояи оинномавии он 75 фоиз ва ҳиссаи ҷониби Тоҷикистон 25 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳадафи ширкати сармоягузорӣ маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон аст.

1P0A0671.jpg

1P0A0674.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg