Сафари пурсамар ба вилояти Сирдарё

19.05.2023 20:53

Рӯзҳои 18-19 майи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба вилояти Сирдарё сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар корманди Сафорат Арслон Озаршоҳзода Роҳбари намояндагиро ҳамроҳӣ кард.

Нахуст, вохӯрии Сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Ҳокими вилояти Сирдарё Шоҳрух Зайниддинов доир гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангу сайёҳӣ инчунин роҳандозии робитаҳо миёни ноҳияҳои сарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идомаи сафар Сафир аз мактаби тоҷикии №2 ноҳияи Сайҳунобод, корхонаи истеҳсоли борхалтаи полипропиленӣ - “Сирдарё Мега Люкс", корхонаи истеҳсоли ресмон, коргоҳи истеҳсоли сими алюминии “Гулистон алюмин Про”, корхонаи истеҳсоли ресмон, корхонаи истеҳсоли маводи доруворӣ, фабрикаи либосҳои кӯдакона, гармхонаҳои ширкати “Эко Грант Фруитс” дидан намуд. Ҳамчунин аз соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои зикршуда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg