Рӯзи 9 майи 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо сафирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Тошканд, ба поси хотираи афсарону сарбозоне, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидо намуданд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.