Рӯзи 3 майи соли 2023 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳмед Фаруқ доир гардид.
Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода А. Фаруқро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафири Покистон дар Ӯзбекистон табрик намуда, дар фаъолияти пурмасъул бурдбориҳо орзу намуд.
А.Фаруқ аз шиносоӣ бо ҳамкасби худ хушҳолӣ баён карда, омодагиии хешро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуд.
Дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯст баррасӣ шуданд.