Рӯзи 26 апрели соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд - 2023" доир гардид. Дар ҷаласаи муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баромад карда, доир ба дастовардҳои кишвараш дар зарфи шаш соли охир маълумот дода, ба ҳозирин ҷиҳати ташриф овардан ва иштирок кардан дар кори Форум изҳори сипос кард. Дар Форум аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе А. Абдурраҳмонзода ва як зумра соҳибкорон иштирок намуданд. Форум ду рӯз идома хоҳад намуд.