Рӯзҳои 24-27 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо миёни Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторон ва бастакорҳои Ӯзбекистон Фестивали мусиқии касбӣ таҳти унвони «НАСИМИ ДӮСТӢ» баргузор гардид. Консертҳои муштарак дар бинои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва толори калони консерватория ба номи Т.Сатторов баргузор шуданд.