25 апрели соли 2023 мулоқотҳои ҷудогонаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов ва Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Ҷумҳурии Қазоқистон – Бейбут Атамқулов, Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуҷаббор Раҳмонзода баргузор гардиданд.
Дар мулоқот пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкориҳои сиёсиву дипломатӣ бо ин кишварҳо, равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, табодули фарҳангӣ, гуманитарӣ, илмию академӣ, инчунин робитаҳои байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.
Ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои муштарак барои соли ҷорӣ дар сатҳҳои гуногун баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.