Вохӯрии Сафир бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон

25.04.2023 21:53

Рӯзи 25 апрели соли 2023 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов доир гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии дарпешистодаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

04.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg