Рӯзи 25 апрели соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷлиси асосии Намоишгоҳи байналмилалии "Иннопром", ки таҳти унвони "Лоиаҳои байналмилалии саноатӣ дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Тошканд баргузор гардида истодааст, иштирок намуд. Дар кори Намоишгоҳи мазкур муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон иштирок ва суханронӣ кард. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши дастовардҳои Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои шарик дар соҳаи саноат ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин миёни соҳибкорон мулоқот доир шуда, қарордодҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.