Иштирок дар тантанаҳои Наврӯзӣ

24.04.2023 22:00

Рӯзӣ 24 апрели соли 2023 ба хотири иштирок кардан дар фестивали "Се насл" Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба деҳаи дурдастарини Пискони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд сафари корӣ анҷом дод. Дар баробари иштирок дар чорабинӣ ва суханронӣ номбурда аз муассисаи таҳсилоти умумии тоҷикии рақами 45 дидан карда, ба хонандагон ва устодони мактаби мазкур беш аз 100 дона китобҳои таълимиву бадеии тоҷикӣ тақдим намуд. Ҳамзамон устодони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия Холмаҳмад Раҷабов ва А. Ориқхоҷаев дар ҳузури хонандагони довталаб ва падару модари онҳо баромад карда, онҳоро барои таҳсил ба Душанбе даъват намуданд. Чорабинҳо хело хотирмон гузаштанд.

011.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg