Сафари корӣ ба ноҳияи Сухи вилояти Фарғона

06.06.2023 10:32

Рӯзҳои 1-2 июни соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар номбурда бо Ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмусоев вохӯрӣ карда, доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши саноат, тиҷорат, фарҳанг, кишоварзӣ ва ғайра изҳори назар намуд.

Дар рафти сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дидан кард. Инчунин ба бунёди боғҳои интенсивӣ шинос шуда, бо деҳқонон ва фаъолони ноҳия мулоқот намуд.

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg