ХУРШЕДИ СУХАН ДОМАНИ ТАЛҲОИ СУРХРО АБАДАН ТАРК ГУФТ

06.06.2023 16:07

Дирӯз нисфи шаб тариқи телефонӣ дӯсту шогирдам Масрури Абдулло бо таассуф аз реҳлати адибу суханвари барҷастаи тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Комсомоли Ленинии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун хабар доданд. Ин хабари дарднок мисли корд бар устохонам  расид, зеро шахсе аз миёни мо рафт, ки умри бобаракати хешро бо асарҳояш сарфи тарбияи маънавии фарзандони халқ намуда, аз нӯги қалам алам гирфта, дастоварду пешрафти Тоҷикистони азизро бо бадеияти баланд ва тасвирҳои ҷолиб рӯйи коғаз меовард ва бо дили гарму эҳсоси амиқ хислатҳои беҳтарини  одамонро бозтоб медод.

Саттор Турсун, бешак аз ҷумлаи адибони барҷастаи халқи тоҷик ба шумор мерафт, ки мактаби адабии устод Сотимхон Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиевро идома бахшида, дар ин ҷодаи пурмасъулият ва заҳматталаб ба дараҷаи суханвари асил расиданд ва бо осори гаронбаҳои хеш хазинаи адабиёти муосири тоҷикро ғанӣ гардониданд. Вай дар ҷодаи нависандагӣ сабку баёни худро пайдо намуда, бо ҳикояҳои аввалинаш миёни дӯстдорони каломи бадеъ эътироф гардид ва минбъад бо қиссаву романҳои хеш дар адабиёти муосири тоҷик ҷой ва мавқеи устворро сазовор шуд. Устод Саттор Турсун бо асраҳои пурмазмуну пурмуҳтавояш маҳбуби ҳамагон гардида, бешак намунаҳои олии насри бадеиро таълиф намудааст, ки ҳар кадом дар адабиёти тоҷик соҳиби ҷойгоҳи хос мебошанд.

Дар офаридаҳои устод Саттор Турсун  олами ботиниву зоҳирии инсони муосир амиқбинона тасвир ёфта, дар ҷаҳони мураккаби ӯ муҳимтарин муаммоҳои ҳаёти одамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Персонажҳои адиб дар пояи бархӯрдҳои маънавию иҷтимоӣ ташаккул ёфта, ба хотири ислоҳи камбудиҳояшон кӯшиш мекунанд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда, дар ҷомеа мавқеъ пайдо менамоянд. 

Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи зебоманзари Пасисурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намудааст. Нависанда фаъолияти кории худро дар идораи “Садои Шарқ” оғоз кардааст. Солҳои зиёд дар ин маҷалла кор карда, нахустин ҳикоя ва очеркҳои худро дар маҷаллаи мазкур чоп намудааст. Минбаъд ба сифати сармуҳаррири маҷаллаи “Помир”, рӯзномаи “Баҳори Аҷам” фаъолият карда, на танҳо ҳамчун роҳбари кордону масъулиятшинос эътироф шудааст, балки ба сифати адиби пуркору ботаҷриба шинохта шудааст. Устод Саттор Турсун як муддат дар Дастгоҳи иҷроияи Призидент ба сифати сухангӯйи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ин ҷода низ муваффақ шудааст. Устод Саттор Турсун ҳар ҷойе, ки кору фаъолият кардааст, аз хеш нишонаи одамият, самимият ва кордониву коршиносиро ба мерос гузоштааст.

Саттор Турсун аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба пайраҳаи адабӣ ворид шуда, нахустин маҷмуаи ҳикояҳояш соли 1971 бо номи “Дили гарм” чоп гардидааст. Мазмуну мундариҷаи аксарияти ҳикояҳои маҷмуаи мазкурро, пеш аз ҳама муносибати ҳамдигарии одамон, эҳтироми калонсолон ва масъалаҳои мубрами деҳот ва муҳити маънавии ҷомеа дар бар гирифтаанд. Баъдан, устод Саттор Турсун қиссаву роман ва ҳикояву очеркҳои “Сукути қуллаҳо”, “Камони Рустам”, “Пайванд”, Ситораи корвонкӯш”, “Обдорӣ”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Барф ҳам мегузарад”, “Падар”, “Се рӯзи як баҳор”, “Думбра”, “Аз субҳ то шом”,”Дувоздаҳ ҳикоя”, “Дарахти ҳазорсола”, “Санг дар бағал бо тӯфон”, “Чорбанди домангир”, “Охирин рӯзи тирамоҳ таълиф карда, адабиёти тоҷикиро бойю ғанӣ гардонидааст.

Махсусан, қиссаҳои нависанда бо услуби нав, тарзи баёни сода ва маҳорати баланди нависандагӣ таълиф шуда, дар пешрафти насри муосири тоҷикӣ таъсири мусбат расонидаанд. Дар ин асарҳо персонажҳои сину соли гуногун таҷассум ёфта, ҳар кадом бо дид ва андешаи пурвусъати хеш масъалаҳои мухталифи ҳаётиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Махсусан, дар қисаҳои “Пайванд” ва “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх” нависанда тавассути андешамандии персонажҳои марказӣ ҳаёти муосиронро тасвир карда,  пастиву баланди рӯзгори онҳоро ниҳоят воқеъбинона инъикос менамояд. Бо пайдо шудани қиссаҳои мазкр дар насри бадеии тоҷикӣ таҳлили психологӣ қувват пайдо карда, сохти сужасозии қиссаҳо тағйир ёфтаанд. Нависанда персонажҳои асарҳои худро дар ҳолатҳои мураккаби равонӣ тасвир карда, бисёр масъалаҳои маъанавию ахлоқиро тавассути муҳокимаронии ботинии онҳо баррасӣ менамояд.

Дар романи “Се рӯзи як баҳор” бошад, Саттор Турсун замони бадеӣ ва таърихиро бо ҳам омезиш дода,  дар сужасозии роман ва устухонбандии он навоварӣ ворид кардааст. Вай тавассути дунёи ботинии Усмон Азиз ва амалҳои вай дигаргун шудани мафкураи иҷтимоии одамонро нисбат ба  замон тасвир карда, психалогизми тасвирро бо шеваи нав корбарӣ менамояд ва ба воқеаҳои аввали асри бист бо чашмандозии фарохтар назар карда, воқеияти давраи таърихиро дуруст ва ниҳоят амиқбинона бозтоб менамояд.

Дар Ӯзбекистон бо кӯшиши Эркин Аъзам аксари қиссаву ҳикояҳои нависанда ба ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудааст. Махсусан, дар охирин маҷмуаи ҳикояҳои нависанда, ки бо кӯшиши Олимҷон Давлатзода ва сарсухани Эркин Аъзам таҳти унвони “Охирин рӯзи тарамоҳ” дар Тошканд соли гузашта интишор гардида буд, беҳтарин ҳикояҳои нависанда ҷамъоварӣ шудаанд. Дар муқаддима адиби ӯзбек Эркин Аъзам ба маҳорати нависандагии устод Саттор Турсун баҳои баланд дода, ӯро беҳтарин адиби муосири тоҷик муаррифӣ намудааст. Ҳар ду нависанда аз як ноҳия буда, баробар ба кори адабӣ оғоз кардаанд ва шуҳратёр гардидаанд.

Устод Саттор Турсун ба сифати тарҷумон низ заҳмати зиёд кашида, асарҳои нависандагони шинохта, аз қабили Лев Николаевич Толстой, Ҷек Лондон, Грант Матевосиян, М. Левин, Эркин Аъзам ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Роҳи эҷодии адиби шинохтаи тоҷик Сатор Турсун ҳамвору осон набудааст. Вай бо заҳмати зиёд ба дараҷаи нависандаи халқӣ расидааст. Сад афсус, ки дар давраи фаъолияти пурсамари эҷодӣ  риштаи умрашон канда шуда, корҳои зиёди адабиашон нотамом мондаанд. Вале ӯ бо офаридаҳои пурмуҳтавои худ дар дилу дидаи мардум абадӣ ҷой гирифта, аз худ мероси гаронбаҳоро ба ёдгор гузоштааст, ки номи ӯро абадӣ мегардонанд.

Устод Саттор Турсун ҳамчун адиби маҳбуби мардумӣ дар миёни халқ зиндаву ҷовид мемонад. Хуршеди сухан дигар домани талҳои сурхро равшан намекунад ва танҳо дар қалби дӯсторони осораш абадӣ нақш мебандад.

 Руҳат шод бод, устоди гиромӣ ва адиби барҷастаи халқ.

                    

Абдуҷаббор Раҳмонзода,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

  

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg