Рӯзи 20 июли соли 2023 Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба вилояти Намангон сафари корӣ ба анҷом расонид.
Бо ташаббуси Сафорат, Академияи рассомии Ӯзбекистон ва мақомоти Ҳокимияти вилоят дар шаҳри Намангон, намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷиктабори ноҳияи Попи вилояти Намангон - Эвадулло Абдуллоев баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии намоиш Сафир, раиси Академияи рассомии Ӯзбекистон А. Нур, муовини Ҳокими вилоят суханронӣ намуданд.
Намоиши асарҳои рассом як моҳ идома хоҳаад ёфт.