Вохӯрии Сафир бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

19.07.2023 22:48

Рӯзи 19 июли соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода якҷо бо Директори генералии КВД “Ангишти Тоҷик” С. Аслиддинзода ва Директори ҶДММ “Қудрат-2010” бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. Мирзамаҳмудов мулоқот намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи бандҳои Протоколи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, густариши кооператсияи саноатӣ ва ба танзим даровардани содироти ангиштро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона ва таҳкими ҳарчи бештари ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg