Иштироки Сафир дар ҷаласаи маҷозӣ

04.07.2023 22:51

Рӯзи 4 июли соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаласаи маҷозии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ширкат варзид.

Ҳамзамон дар Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ маросими додани мақоми давлати аъзои Созмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва барафрохтани парчами ин кишвар баргузор гардид.

Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласа, аз тарафи Сафир бо роҳбарияти СМЗ СҲШ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои Созмон мулоқот доир гардида, масъалаи таҳким бахшидани ҳамкориҳо баррасӣ гардид.

12.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg