Рӯзи 27 июни соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Сурхондарё аз се ноҳияи тоҷикнишини вилоят, аз ҷумла Деҳнав, Сариосиё ва Узун дидан карда, бо Ҳокими ноҳияиҳои Деҳнав Аброров Илҳом , Сариосиё Донаев Абдуқодир, Ҳокими Узун Бозоров Ҳабибуло ва раисони марказҳои милливу мадании тоҷикони Ӯзбекистон дар ноҳияҳои мазкур мулоқот карда, доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ изҳори назар намуд. Дар баробари ин ҷиҳати густариши ҳамкорӣ миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ назару андешаҳои судманд баён гардиданд. Дар чорчӯби сафар аз корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии Деҳнав, якчанд мактабҳои тоҷикӣ дидан карда, ба мактабҳо китобҳои дарсиву бадеӣ такдим намуданд.
Мулоқоту вохӯриҳо дар фазои дӯстона баргузор гардиданд.