Сафари корӣ ба вилояти Сурхондарё

26.06.2023 22:59

Рӯзи 25- 26 июни соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба хотири таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни ду кишвар ба вилояти Сурхондарё сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, бо Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов мулоқот доир кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз рафти иҷрои созишномаву шартномаҳое, ки миёни вилояти Хатлон ва Сурхондарё ба имзо расида буданд, андешаронӣ карданд. Инчунин тарафҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

Дар идомаи сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Донишгоҳи давлатии Тирмиз ташриф бурда, бо устодону шогирдони ин Донишгоҳ вохӯрӣ доир карда, китоб ва дискҳои таълимиеро, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодон ва шогирдони факултаи тоҷикии Донишгоҳ ирсол шуда буданд, тақдим намуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Сафир аз якчанд корхонаву муассисаҳои саноатии вилояти Сурхондарё дидан намуда, ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ изҳори назар намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg