Иштирок дар пӯшидашавии Олимпиадаи байналмилалӣ

16.06.2023 23:02

Рӯзи 16-уми июни соли 2023 Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҷиҳати иштирок дар ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалии ба номи Абурайҳон Берунӣ аз фанни химия ба шаҳри Хиваи вилояти Хоразм сафари корӣ ба анҷом расонид. Дар Олимпиада аз 15 кишвари дунё беш аз 170 нафар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Сафир бо фаъолияти кориву эҷодии хонандагон ҳамроҳ бо Вазири таълимоти томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос шуда, ба хонандагони довталаб муваффақият орзу карда, бегоҳ дар расми пӯшидашавии он иштирок намуд. Дар ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалӣ мудири Шуъбаи комуникатсия ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева суханронӣ карда, меҳмонони закӣ ва соҳибзавқро хушомадед гуфта, ба олимони оянда таҳсили хубро орзу кард.

Барои хонандагон тамоми шароити кору истироҳат фароҳам оварда шуда буд.

sjmjvm.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg