Рӯзи 27 августи соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри таърихӣ ва зебои Самарқанд намоиши рассомони тоҷик таҳти унвони "Дарахти дӯстӣ биншон..." баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш Раиси Иттифоқи эҷодии рассомони Ӯзбекистон Иброҳим Валихоҷаев, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев суханронӣ карда, намоишгоҳи қадимтарин навъи санъати рассомӣ - Кундал" -ро ифтитоҳ карданд. Меҳмонон ба ҳунари рассомони шинохтаи тоҷик ва шогирдони онҳо, ки дар офаридани санъати кундал шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, шинос шуданд. Дар намоиш асарҳои ниҳоят пурмазмун ва пур аз рамзҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати тамошобинонро ба худ бештар ҷалб карданд.
Намоиши мазкур як ҳафта давом мекунад.