Ҳамкориҳои иқтисодӣ суръати тоза мегирад
Рӯзи 26 августи соли 2023 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах санги асоси бунёди корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 2,5 млн тонна дар як шабонарӯз аз ҷониби соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хитой гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти бузурги саноатӣ Ҳокими вилояти Ҷиззах Эркин Солиев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорони се кишвари ба ҳам дӯст иштирок карданд. Ин пуружа дар рушди кооператсияи байналмилалии саноатӣ иқдоми нек буда, дар оянда барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.