6 сентябри соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷабор Раҳмонзода бо Сафири навтаъини Туркманистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шадурдӣ Мередов мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим арзёбӣ намуданд.