Таҷлили 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

08.09.2023 12:30

Рӯзи 7 сентябри соли 2023 дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона баргузор шуд. Дар он кормандони Сафорат ва фаъолоне, ки намояндагии дипломатиро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек дастгирӣ менамоянд, иштирок карданд.

Дар аввал, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода баромад карда, доир ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеа ва рушди давлатдории миллӣ изҳори андеша карда, саҳми ду сарвари давлатро дар таҳкими муносибатҳои  халқҳои тоҷику ӯзбек назаррас донист. Сипас, ба тоҷикони кишвари дӯст ва кормандони Сафорат, ки саҳми шоиста дар пешрафти муносибатҳои дӯстона гузоштанд, “Ифтихорнома” - и Сафорат тақдим гардид.

Шоми ҳамин рӯз дар меҳмонхонаи "Гранд мир Ҳотел" таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ идома ёфт. Дар шоми дӯстӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Хоҷаев, роҳбарони намояндагии дипломатии муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони маркази миллӣ - мадании тоҷикони вилоятҳои кишвари дӯст ва зиёину соҳибкорони ҳар ду кишвар ширкат намуданд. Дар зиёфати идона ҳунармандони шинохта баромад карданд. Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Тошканд дар фазои дӯстона ва идона ҷамъбаст гардид.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg