Рӯзи 29 сентябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар аввали маҷлис Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода баромад карда, кормандони Сафорат ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи дипломатияи тоҷик табрик гуфт ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро мавриди барррасӣ қарор дода, саҳми Пешвои миллатро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек арзишманд муаррифӣ кард.
Дар идома А. Раҳмонзода ба ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Хайрулло Насриддин барои хидматҳои шоистааш дар пешрафти санъати миллӣ аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофоти давлатӣ - унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро супорида, ба ӯ барори кор ва комёбиҳо таманно намуд.
Дар охир ба чанд нафар фаъолони маданӣ Ифтихорномаи Сафорат тақдим гардид. Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва идона доир гардид.