Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон

05.10.2023 18:16

 ​​​​​Рӯзи 5 октябри соли 2023 бо ташаббуси Маркази миллӣ - мадании тоҷикони Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Кумитаи муносибати байнимиллатҳо ва робита бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии идона ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба сухан баромада, ҳозиринро ба рӯзи забони тоҷикӣ табрик намуд.

Дар ин чорабинӣ инчунин Роҳбари Маркази миллӣ - мадании тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, шоирон Абдулло Субҳон, Х. Саъдулло, донишҷӯёну мактабачаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Тошканд баромад карданд. Ҳамзамон дар маҳфил аксарият роҳбарони марказҳои миллӣ - мадании тоҷикони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, адибону шоирон ва зиёиёни тоҷики муқими  Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур ҳофизону санъаткорони шинохта  дар мавзуи забони тоҷикӣ ва дӯстӣ суруд хонданд. Маҳфили ҷашни забони тоҷикӣ дар фазои дӯстӣ таҷлил гардид.

 ​​​​

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg