Дӯстӣ таҳким меёбад

07.10.2023 11:06

Рӯзи 06 октябри соли 2023 дар намоишгоҳи "Чорсу" - шаҳри таърихиву фарҳангии Самарқанд бо ташаббуси Иттифоқи эҷодии рассомони Ӯзбекистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шуъбаи вилоятии Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон дар Самарқанд намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт.

Дар маросими кушодашавии намоишгоҳ муовини Ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ва дигарон баромад карданд.

Санъатшинос ва менеҷери намоиш Манушак Арушонова ба маҳорати эҷодии рассомони ҳар ду давлат баҳои баланд дод. Дар намоиш асарҳои рассомони шинохта - Далер Муҳтоҷов, Илёс Муҳаммадҷонов, Баҳром Исматов аз Душанбе ва Аҳмадҷон Исоев, Нуриддин Исоев аз Самарқанд ба маърази тамошо гузошта шуд. Тамошобинони сершумор аз намоишгоҳ дидан карданд.

Бори аввал насли миёнаи рассомони тоҷик ва ӯзбек дар чунин сатҳ дар шаҳри Самарқанд намоиши мазкурро ташкил намуданд. Муҳтавои тасвири рассомони ҳар ду кишварро дӯстӣ ва инъикоси табиати зебои ду мамлакат ташкил менамуд.​​​​​

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg