Ғолибони озмуни "Бӯи ҷӯи Мӯлиён"

07.10.2023 14:29

6 октябри соли 2023 дар бинои Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ бо кӯшиши раёсати гурӯҳи "ТОҶИКОНИ ҶАҲОН", ки дар фазои маҷозӣ бо фаъолияти фарҳангияш дар кишвар маъруф гардидааст маросими супурдани тӯҳфаҳо ба ғолибони озмуни "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" гузашт.

Гурӯҳи "ТОҶИКОНИ ҶАҲОН" бо дастгирӣ ва хайрхоҳии Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода инчунин Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов ғолибони озмунро бо тӯҳфаҳои муносиб сарафроз гардонид.

Мутобиқи қарордоди  ҳайати доварон  ғолиби ҷои аввал Абдумуминов Фирӯз бо смартфон (ҳомӣ - рӯзномаи "Овози тоҷик"), ғолибони ҷои дуюм ва сеюм бо китобҳои пурарзиш тақдир шуданд.

Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ гурӯҳи фарҳангиён - равшанфикрон,  муаллимони мактабҳо, устодони донишгоҳ, аҳли ҳайати таҳририи рӯзномаю маҷалла, маркази миллии маданӣ, хонандагони мактаби рақами 22, донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.

Дар раванди тадбир инчунин аз ҷониби Сафири Тоҷикистон ва раиси маркази миллӣ ифтихорномаҳо ба беҳтарин ровиён, муаллимон ва талабагони мактаб супорида шуд. Инчунин марди миллатпарвар Толибҷон Усмонов бо сипосномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg